Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Ӯ нонро ниҳоят ҳурмат мекард.

Он марди деҳқон дар вақти кишту кор ҳам намегузошт, ки ягон дона гандум дар рӯи роҳ афтад ва зери по шавад. Кӯшиш мекард, ки тухмӣ дар замини шудгор афтад ва сабзида барояд. Барои ҳамин ҳам ӯ аз ҳар парчаи замине, ки ғалла мекошт, ҳосили ниҳоят фаровон мебардошт.

Деҳқон аз меҳнати софу ҳалолаш сол аз сол бою бадавлат мешуд. Ҳарчанд, ки ба хешу табор, ҳамсояҳо ва камбағалон туҳфаҳо медод, анборҳояш пури ғалла, оғилҳояш пури мол ва боғу роғаш аз мева фаровон мешуд. Як чиз ӯро ҳамеша дар ташвиш меандохт; мабодо бой шуда равад. Охир вай бойҳои муштзӯрро бисёр бад мебинад.

Ба ҳамин андеша ӯ рӯзе ба назди хирадманде омад ва аз ӯ илтимос кард, ки барои зиёд нашудани молаш ба ӯ тадбире андешад.

Хирадманд гуфт:

– Саворӣ дорӣ?

– Ҳа, аспи хуб дорам, – ҷавоб дод деҳқон.

– Асп, ки дошта бошӣ, ба он савор шаву як парча нонро то ба сари қорат хӯрда рав. Пас аз чанде ба назди ман биё, сонӣ чорае андешида, ба ту мегӯям, – гуфт хирадманд.

Деҳқон рӯзи дигар гуфтаи хирадмандро ба ҷо овард. Ба болои асп нишаста нонхӯрон ба сари замин рафт. Ҳар як нонрезаеро, ки дар вақти га-

пешина
аз 161
навбатӣ