Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан
  • Ҳа, хайрият! - гуфт занаш. - Хайрият, ки духтархонаамон меҳмонӣ рафта буд.

  • Вай фалокат аз ҳамин фурсат истифода кардание шудагӣ, - гуфт хӯҷаин, - барои ин кирдораш ҷазо мебинад. Фармудам, ки ӯро саҳарӣ ба даруни танӯри тасфон партоянд. Дар як он чиз-биз сӯхта хокистар мешаваду ному нишона аз вай намемонад.

  • Ҷазои кӯрнамаки беномус ҳамин, - гуфт зан оҳи сабук кашида.

  • Рост гуфтӣ, вай мусофири аз ким-куҷо ба шаҳри мо омада буд, на аслаш маълум на насабаш. Ман вая аз бозор ёфта оварда тарбия кардам, хариду фурӯша ёд гирифт, нонвоия ёд гирифт, боғдория ёд гирифт, кору бори мана дид, саранҷом кардани як рӯзгори калона ёд гирифт, маълум, ки зоташ одамони нопок будаанд, охир ба зоташ кашид.

Хӯҷаин занашро ором карда, хоб рафт.

Писари савдогар бошад, сақарии барвақт, ҳанӯз чашми рӯз накушода, ароба ронда ба ҳавлии ордфурӯш рафт. Баъди он, ки ордро бор карданд, ордфурӯш илтимос карда гуфт:

  • Писарам, чой дам кардам, ҳозир нони гарма аз танӯр кандем, дароед, ҳамроҳи ман як пиёла чой хӯред, баъд ба шумо ҷавоб.

Писари савдогар узр хоста гуфт:

  • Падар, шумо як пири пастию баландиҳои зиндагия дидагӣ, шумо катӣ як дам шишта
пешина
аз 161
навбатӣ