Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Зиндаю саломат дида, гаранг шуд. Мо фармудаатонро кардем, — гуфтанд нонвойҳо ба ӯ, — ба ин ҷо аввалин шуда, як зан даромад, доштем ба танӯр партофтем, ана кафшҳояш пеши танӯр афтодааст.

Оҳу воҳи ҳуҷаин баромад. Намурду аз мурда бадтар шуд.

Хок панаҳ кунад маро! — гуфт, вале нонвойҳо аз ин гап чизе нафаҳмиданд. Худро базӯр ба даст гирифту марди доною пастию баландиҳои дунёро бисёр дида, ки буд, қилро аз хамир ҷудо кардани шуда, писари савдогарро ба хонааш даъват карда, гуфт:

Дувоздаҳ сол мешавад, ки ту дар ин даргоҳи ман хизмат мекунӣ. Ман ҳамеша аз ту розӣ будам, дар ин дувоздаҳ сол ягон кори ношоистаи туро ман надидаам, бовар доштам: ту аз авлоди одамони нек ҳастӣ, лекин ҳуҷаин ҳуҷаин-дия, ман туро ҳамту як хизматгор ҳисоб мекардаму ягон бор ба чӣ сабабе ба шаҳри мо омадани туро напурсидам. Ҳоло ту ба ман бигӯ, ки аз куҷоӣ, фарзанди кистӣ, чаро мусофирӣ ихтиёр карда, ба ҷойҳои мо омадӣ?

Писари савдогар ҳиссаи пандҳӯрӣ ва аз даргоҳи падараш ронда шуданашро нақл кард.

Падарам савдогар буд, мехост, ки ман касби ӯро гирам, — гуфт, — се бор барои савдо дастмоя гуфта, ба ман садтангай доду фармуд, ки бозор

пешина
аз 161
навбатӣ