Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
да ба оташдон андохт, хӯрок пухта хӯрду хоб рафт. Ҳамон шаб аз даруни оташдон як тиллопора монанди чормағз ғалида-ғалида баромад.
Кампир пагоҳӣ аз ҷояш хеста, ба рӯи ҳавлиаш баромада дид, ки як чизи чормағзмонанд медурахшад. «А, ин чӣ хел чормағз, ки нур медиҳад?» гуфта, гирифта дурусттар нигоҳ кард, ки чормағз нею тило. Шодӣ карда бурда ба сандуқаш андохт. Баъд баромада рафту гашта омада дид, ки хонаю ҳавлиаш обзадагӣ, рӯфтагӣ, чиндагӣ, ҳама ҷо тозаю озода. «Ин корро кӣ карда бошад?» — гуфта ҳайрон шуда ин тараф, он тарафро нигоҳ кард, ки ҳеҷ кас нест. «Хайр, ягон ҳамсояи нағз савоб гирам гуфта, гузашта кардааст, — гуфт, — умраш дароз шавад, рӯзи бадро набинад».
Кампирак рӯзи дигар боз ҳамин ҳодисаро дида, «ё аҷабо, ин ҷо ягон сир ҳаст» гуфту болои бом баромаду поида нишаст. Як вақте таққоси сарпӯши сандуқ баромаду баъд ҳамон тилопора ба рӯи ҳавлӣ ғалида омада, барқ зада, як духтарчаи дӯстрӯяк шуд. Духтарча шуду остинашро барзада, ҷорӯбро гирифта, ҳавлиро рӯфтан гирифт.
Аз ҳайрат забони кампир гирифт. Вай фақат «тавба кардам!» гуфту гиребонашро дошта монд. Духтарак ҳавлиро рӯфта шуда, ба хона даромаданӣ шуда буд, ки кампирак аз бом ба-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё