Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҲайвонотҚисса
Аз аввал хондан

аз одамон ҳеҷ гоҳ ҷудо нашавӣ!» Барои ҳамин ҳам мусича дар наздикии одамон зиндагонӣ мекардааст ва ба онҳо ҳеҷ зараре намерасонидааст. Одамон низ мусичаро дӯст медоштаанд ва ҳар гоҳ ки онро бинанд, бо навозиш мегуфтаанд:

Мусичаи бегуноҳ,
Болои сандалӣ баро.
Аз думакат қайчӣ кунам,
Аз нӯлакат муччӣ7 кунам.

Мусичаро куштану гӯшташро хӯрдан бисёр убол будааст. Онро ҳатто бо овози баланд «киш» гуфтан ҳам гуноҳ ҳисоб мешудааст.

Заргилдоқ
(Заргулдор, Шодигарбел)

Мегӯянд, ки заргилдоқ як замон зане будааст. Вай дар яке аз рӯзҳои баҳорон, ки айни тутпазиву расидани ҷав будааст, ягона фарзандаш - Шодиро барои ғарбел аз деҳаи худ ба деҳаи дигар фиристодааст. Дар байни роҳ Шодӣ ба асари ҳамлаи ҳайвонҳои дарранда бе ному нишон гардида, ба хона дигар барнагаштааст. Модар аз ғаму андӯҳи фарзандаш ба парандае, ки онро дар Бадахшон Шодигарбел меноманд, табдил ёфтааст. Аз ҳамон вақт то имрӯз бо фаро расидани фасли баҳор заргилдоқ ба умеди дидани рӯи фарзандаш ба такрор мегуфтааст:

Тут пухт, ҷав расид, Шодӣ биё,
Тут пухт, ҷав расид, Шодӣ биё.8

Асп

Мегӯянд, ки асп баъзан дар вақти хобаш ҳам ҳирингас - шиҳа мезанад. Дар ҳамин вақт агар касе ҳирингаси

7 Муччӣ – бӯса.
8 Ин парандаро дар баъзе ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон бо номи «тут пухт» низ ёд мекунанд.

пешина
аз 125
навбатӣ