Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
ДАР БОРАИ ҶИРМҲОИ КАЙҲОНИ
Чаро Офтобу Моҳтоб ҳамдигарро дида наметавонанд?
Ровиёни ахбор, ноқилони осор ва хӯшачинони хирмани сухан ривоят мекунанд, ки моҳтоб зебо асту офтоб аз он зеботар ва одат чунин аст, ки доро ба доро рашк мекунаду зебо ба зебо.
Рӯзе дар замири моҳтоб оташи рашк забона заду бо офтоб ситеза карда гуфт:
– Эй офтоб, бо ҳусни худ таманно макун! Мағрур машав! Дар ҳар сурат ман аз ту зеботарам, тамоми мавҷудоти олам ва одамон аз ҳафт то ҳафтодсола шайдои ҳусни мананд. Бесабаб нест, ки одамон духтарони зебояшонро Маҳваш ё Моҳталъат меноманд.
Офтоб як шӯъла зада, оламро дурахшониду дар ҷавоб гуфт:
– Ту агар чашми бино медоштӣ, медидӣ, ки дар ин олами нопайдоканор махлуқе, растане, ҷонваре нест, ки аз нури ман баҳра нагирад ва ба ман эҳтиёҷ надошта бошад.
Моҳтоб ба ин даъво розӣ нашуд ва гуфт:
– Ту бераҳмӣ, ҳамаро месӯзонию хокистар мекунӣ, махлуқони олам аз шӯълаи сӯзони ту гурехта, дар сояҷойҳо ва канори баҳру дарёҳо паноҳ меҷӯянд, сабзаи тар хушк мешаваду гулҳо хазон, пӯстҳои бадани одамон сиёҳ мешаваду худашон бенур. Туро аз манфиат дида, зарар зиёд аст. Барои ҳамин ҳам туро хуршеди ҷаҳонсӯз гуфтаанд, ки ҳақ асту рост, вале маро чароғи оламафрӯз мегӯянд. Оре, ман оламро меафрӯзам ва аз ман касе ё чизе зарар надидаасту намебинад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё