Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
- Дар дунё занҳо бисёранд.
- Барои чӣ? - пурсидааст Сулаймони пайғамбар.
- Барои он, ки, - гуфтааст дар ҷавоб ҷӯғз, - баъзе мардҳое ҳастанд, ки аз гуфтаи занашон берун намебароянд ва ҳар як хоҳиши онҳоро санҷидаю насанҷида бо ҷону дил ба ҷо меоваранд, ки ин баъзан бо натиҷаҳои бад анҷом меёбад.
Ба Ҳазрати Сулаймон ин ҷавоби ҷӯғз низ писанд омадааст. Ӯ фаҳмидааст, ки воқеан ҳам барои сохтани хонаи бошукӯҳе аз устухони парандаҳо хоҳиши занашро иҷро мекард, чӣ гуноҳи азиме аз худ зоҳир менамуд, ки ҳеҷ нобахшиданӣ.
Пас аз ин Ҳазрати Сулаймон амр кардааст, ки ҳамаи парандаҳо ба ҷои худ баргарданд.
Парандаҳо ба ҷойҳояшон баргаштаанд. Ҳазрати Сулаймон ба ҷӯғз гуфтааст:
- Акнун ҳар чӣ мехоҳӣ, аз ман талаб кун. Ту ҷони ин қадар парандаҳоро аз ман харидӣ, онҳоро аз куштан наҷот додӣ. Барои ту ман ҳеҷ чизро дареғ намедорам.
Ҷӯғз ҷавоб додааст:
- Эй подшоҳи олам! Ман мехоҳам, ки ту аз Худованд талаб кунӣ, ки умри маро аз як сол зиёд накунад, зеро як сол чор фасл дорад – баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон. Ман дар давоми як сол ин чор фаслро мебинам ва лаззати ҳар кадом аз он фаслҳоро мечашам. Агар сад сол умр бинам ҳам, аҳвол ҳамин аст.
Ҳазрати Сулаймон дар ҳаққи ҷӯғз дуо кардааст. Барои ҳамин ҷӯғз аз як сол зиёд умр намедидааст.
Сулаймон ва ҷӯғз
Ҳазрати Сулаймони пайғамбар ҷӯҷадухтари ҷӯрро ба осмон бурда, ҳамроҳи худ дар болои тахташ нигоҳ медоштааст. Вай ба ҷӯр шарт мондааст, ки ҳар вақт бароиш хел-хел суруд хонад, баъд духтарашро бармегардонад.
Ҷӯр – як навъи парандаи хурдҷуссаи зебо, ки боли сараш тоҷ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё