Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
афтода ва нимҷоне дорад. Вақте ки сарашро ба канор гирифтам, чашм кушода маро шинохт ва гуфт ки: «— Эй бародар, зуд бархоста ба ман ёрӣ расон, ки фурсат нест.» Ман ҳам як сандуқи холиро ёфта, ӯро ба он хобонида, ба асп бор кардам ва ба ин шаҳр расидам ва умедворам, ки ин хоҳарам ба ёдгории азизон зинда бимонад.
Табиб инро шунида осудатар шуд. Боз ман гуфтам:
— Эй падар! Агар бо ёрии ту ин бечора сиҳат ёбад, ҳар чӣ хоҳӣ, ба ту медиҳам.
Он мард чун ваъдаи баста (сарбаста) шунид, гуфт:
— Эй писар, ҳар кас даст ба захми ин занад, ба хуни ӯ шарик мешавад.
Баъд аз он хеста рафт. Ман ба кори худ ҳайрон мондаам ва фурсате ба ҳоли зори он нигор нигаристам ва аз дасту пояш бӯсидам...
Хостам, ки боз ба назди ҷарроҳ рафта зорӣ кунам, шояд раҳм кунад. Вақте ки аз сарой берун баромадам, ҳамон савдогареро, ки матоъамро ба вай супурда будам, дидам. Хеле шод шудам. Он мард аз аҳволи ман ва ҷои истиқоматам пурсид. Бо вай ҳолпурсӣ карда, матоъро ба дари ҳуҷра фуровардам. Баъд коғазҳои тафсил (رӯйхат)-ро бардошта ба назди ҷарроҳ рафтам ва гуфтам:
Ана ин тафсили (рӯйхати) матои хариди ямании ман аст. Инро бигир ва зуд ба ҳуҷра биё, ки дарвақттар ба он бечора ёрӣ расонӣ.
Он мард ба корвонсарой омада, матоъро дид ва хотираш ҷамъ гардид. Баъд аз он оби гарм талаб карда, тамоми аъзои ӯро шуст ва захмҳои ӯро баст ва марҳам гузошт, баъд аз он гуфт:
— Эй фарзанд, ман рӯзе ду бор ба тоза кардани марҳам меоям. Ту бояд аз вай хабардор бошӣ, ки ҳаракатҳои беҷо накунад, то ки бахяҳои захм наканад. Ва соат ба соат ба гулӯяш арақи бедмушк чакон.
...Ман баъд аз ин ба болини он нозанин нишастам ва камари ҳиммат бар миён бастам ва хобу осоиш ба худ ҳаром кардам. Марди ҷарроҳ рӯзе ду бор омада, марҳам тоза мекард ва аз ҳоли бемор ҷӯё мешуд. Баъд аз даҳ рӯз табиб хотирҷамъ шуд ва ба сиҳат ёфтани бемор боварӣ ҳосил намуд. Дилам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё