Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Бо ҳамаи ин фактҳо ва ҳуҷҷатҳои инкорнокарданишуданӣ, ин китоб чаро дар чопҳои якум ва дуюм ба Хисрави Деҳлавӣ нисбат дода шудааст?

Аввал ин ки асарҳои номаълумавторро ба ягон одами машҳур нисбат додан, хусусан афсонаҳои дур аз ақлро барои «рост карда нишон додан» аз шахсони маълум ривоят кардан, як одати авомонаи умумӣ аст. Аҷаб нест, ки ин китоби номаълуммуаллиф ҳам ба ҳамин ҳодиса дучор шуда бошад, ноширон ва муқаддиманавис ҳам бе муҳокима кардани мундариҷоти китоб ин ривояти даҳониро бовар карда, асарро ба Хисрави Деҳлавӣ нисбат дода бошанд; дуюм ин ки аҷиб нест ин кор қасдан карда шуда бошад. Чунки нисбат додани як асари номаълумавтор ба як каси машҳур қимати он асарро зиёд карда, бозорашро тез мекунад. Ноширони онвақта, ки мақсадашон фақат тиҷорат ва бозортезкунӣ буд, аз ин гуна сохтакориҳо рӯй намегардонданд ва муқаддиманавис бошад, яке аз хизматгорони онҳост, ки адо кардани фармоиши онҳоро вазифаи худ медонад.

Дар сабаби таълифи ин китоб шайх Низомиддини машҳурро, ки мардуми авоми Ҳиндустон хоки қабри ӯро дар дидаи худ тӯтиё мекарданд, дахлдор кардан ҳам ба ҳамин мақсад аст. Автори муқаддима баъд аз он, ки «бо хондани ин китоб сиҳат ёфтани шайх»-ро менависад, мегӯяд... «дуо менамуданд (яъне шайх Низомиддин), ки ё раб ҳар кас, ки ин қиссаро бихонад ё бишунавад, аз иллату амроз наҷот ёбад».

Муқаддиманавис бо ин қайди худ онҳоро ҳам, ки ба қиссаҳои хуш надоранд, аммо ба шайхҳо ва хусусан ба шайх Низомиддин эътиқод доранд, ба ин китоб харидор мекунад, то ки онҳо «барои наҷот ёфтан аз бемориҳо» ин китобро харида бихонанд. Муқаддиманавис бо зиёда кардани «ё ба шунуд» ҳатто бесаводонро ҳам талабгори ин китоб мекунад. Бечорае бесавод ҳам як нусха аз ин китоб харида, дар ҷои дую тумор дар токҷаи хонаи худ мемонад ва ягон одами саводнокро ёфта оварда, зиёфат карда «барои наҷот ёфтан аз бемориҳо» ин китобро хононда мешунавад.

пешина
аз 191
навбатӣ