Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Мо бояд ин нуктаро қайд карда гузарем, ки ин асар аз Хисрави Деҳлавӣ набошад ҳам, яке аз шоҳасарҳои бисёр дилчаспи халқӣ аст, ки аз замонҳои бисёр пеш сар шуда, бо пайдо шудани ҳодисаҳои нав дар дунё, то вақти навишта шуданаш пурра ва мукаммал шуда омадааст.
Дар ин китоб воқеаҳои бисёр аҷибу ғариб бо таъбирҳои бағоят дилфиреб зинату зеб ёфтаанд.
Бақаламорандаи ин қиссаҳо чунон устодӣ ба кор бурдааст, ки хонанда афсона ва беасос будани инҳоро дониста истода, бовар карданаш меояд.
Ровӣ, ё автори ин воқеаҳо интригаҳоро ҳам моҳирона сохтааст, хонанда бо сар кардани хониш китобро аз даст намегузорад, тақдири иштироккунандагон ва сирри ҳодисаҳои аҷибро фаҳмидан хоста, ҳар чи қадар корҳои зарур дошта бошад ҳам, ба як сӯ гузошта хонишашро давом медиҳад.
Дар ин қиссаҳо ҳеҷ як иштироккунандаи бадкирдор (манфӣ) беҷазо намемонад ва инчунин қаҳрамононе, ки хонанда ба онҳо муҳаббат пайдо карда, ба болои тақдири онҳо ларзида меистод, бисёр таҳлуқаҳои фоҷионаро аз сар гузаронда, оқибат ба муроду мақсадашон мерасанд. Яъне аз ин китоб ҳеҷ навмедие дар хонанда пайдо намешавад, балки ӯ ҷасорат ва қаҳрамонӣ, ба ҷазобинии бадкирдорон ва ба мақсад расидани соҳибғайратони софдил боварӣ пайдо мекунанд.
Дар рафти воқеаҳо подшоҳони золим, вазирони бадкирдор ва умуман одамоне, ки аъзои пӯсидаи ҷамъият ҳастанд, аз тарафи қаҳрамонони фидокори ҷонсупор ҷазоҳои ибратомез дода мешаванд (чунончӣ, дар саргузашти Дарвеши дуюм, подшоҳ ҷазо мебинад, вазири золими ӯ аз тарафи як ҷавони қаҳрамон рӯйрост кушта мешавад. Беҳзодхон пиранеро, ки ҷосуси подшоҳ буд, дар вақте мехост ду касро ба куштан диҳад, пора-пора мекунад).
Дар ин воқеаҳо ба занон ва духтарон ролҳои бисёр калони қаҳрамонона дода шудаанд: чунончӣ, духтари подшоҳи Фаранг, духтари подшоҳи Шом ва духтари вазири Рум ҳама чиз, мансаб ва зиндагонии бароҳати худро дар роҳи инсоният, мурувват ва муҳаббат ва аз барои зоҳир кардани ҳақиқат қурбон ва фидо мекунанд. Ин духтарон қаҳрамониро аз мардон мегузаронанд ва ба мардон бо кирдори худ қаҳрамонӣ ва мурувват меомӯзанд ва дар воқеаҳои таҳлуқаноки пурхавф шахсан иштирок карда ва корҳои бузургро бо ташаббуси шахсии худ пеш мебаранд. Чунончӣ, духтари подшоҳи Шом ҷомафурӯши разили ҳақношиноси золими сангдилро бо дастони худ мекушад, аммо барои хотири касе, ки духтари подшоҳ будани ӯро надониста истода, ба ӯ некӣ кардааст ва дил бастааст, тоҷу тахт ва шавкати шоҳзодаҳонимиро партофта бо ӯ ба биёбонҳои беобу алаф гурехта меравад.
Дар зимни воқеаҳои ин китоб хурофотпарастӣ ва деву париро ҳокими мутлақи олами башарият донистани халқҳои онвақtai Ҳиндустон, ки аз ин бало ҳатто табақаҳои болоии онзамонии онҳо ҳам холӣ набуданд, тасвир меёбанд. Инчунин разолатҳои табақаҳои болоии ҷамъияти феодалӣ, фасоди ахлоқи онҳо, ба арақ ва шароб қаноат накарда, ҳатто ба дараҷаи кӯкнорӯшӣ пастӣ карданашон, ба воситаи масхарабозиҳои беадабона ба мансабҳои калон расиданҳо ва сарват ҷамъ карданҳо дар он ҷамъият ва монанди инҳо аҳволи он замон дар воқеаҳои ин асар акс менамоянд.
Муаллифи ҳикоя дар як ҷои китоб, дар биёбонҳои ваҳшӣ, сарупо бараҳна, бо мӯйҳои жӯлида ва нохунҳои расида, наҳӯди хомро бирён карда хӯрда зиндагӣ карда гаштани аҳолии маҳаллии Ҳиндустонро нишон медиҳад, ки ин аҳвол баъд аз истилои колонизаторҳои европагӣ, дар Ҳиндустон дар байни деҳқонони меҳнаткаши маҳаллӣ ранги умумиятро гирифтааст.
Дар муқобили ин зиндагии фоҷиаона шаҳрҳои пуршукӯҳи фарангиён — шаҳрҳое, ки колонизаторҳо барои худ дар Ҳиндустон бино карда буданд, тасвир меёбад. Дар ин шаҳрҳо иморатҳои олии чандошёна, хиёбонҳои пурзебу зинат ва раставу бозорҳои пурмолу матоъ ва ҷавоҳир бино ёфтаанд, ки дар он ҷоҳо фарангиён, зану мард ҳама машғули хариду фурӯш ва ҳама саргарми айшу нӯшанд.
Аммо дар ин гуна шаҳрҳо мардуми «беруна»-ро (мардуми маҳаллиро) роҳ нест. Ҳар каси «беруна», ки дар ин гуна шаҳрҳо қадам гузорад, бепурсиш кушта мешавад.
Ин аҳвол ҳам айнан ҳамон ҳолатест, ки колонизаторҳои европагӣ дар колонияҳои шарқии худ (хусусан дар Ҳиндустон) ба вуҷуд овардаанд. Маълум аст, ки империалистон дар колонияҳои худ маҳаллаҳо ва шаҳрҳои ба худ махсус бино кардаанд, ки дар он ҷоҳо қадам мондани аҳолии маҳаллӣ мумкин нест.
Бештарин иштироккунандагони ин воқеаҳо ё савдогаранд ва ё подшоҳ ва подшоҳзодагонеанд, ки дар зери либоси савдогарӣ бо корвони савдо аз паи мақсаде мераванд.
Ин ҳодиса ҳам дар замони таълиф ёфтани ин китоб як ҳодисаи хатарнок буд. Чунки дар Ҳиндустон ва умуман дар олами Шарқ баъд аз истилои колонизаторҳо, аз як тараф оммаи аҳолӣ дар зери эксплуататсияи сахти чандтарафа монда ба «нахӯди хом хӯрда зиндагонӣ кардан» маҷбур мешуд, аз тарафи дигар табақаҳои болоӣ ба тарзи даллолӣ бошад ҳам, ба савдо ва тиҷорат машғулӣ мекарданд. Ҳатто подшоҳон ва подшоҳзодагони онҳо ҳам, ки дар аввалҳои истило бо номи «подшоҳӣ» дар зери ғуломӣ ва бандагии ҳуҷаинҳои европагии худ монда буданд, мехостанд бо роҳи хариду фурӯш ва тиҷорат як манбае барои таъмини ояндаи худ, аз болои мардум ёбанд.
Хулосаи калом аз тарафи Нашриёти Давлатии Тоҷикистони Советӣ чоп карда шудани ин китоб барои хонандагони мо, ки аз аҳволи пештараи Шарқи мустамлика кам хабар доранд, як хизмати адабии сазовори табрик аст.
Ба болои ин, ин китоб як хазинаи пуркимати забони адабии классикии сода аст, ки ҷавонон метавонанд ба қадри ҳиммат ва хоҳиши худ аз ин хазина ҳиссаҳо бардоранд. Ҳарчанд ба чоп тайёркунанда ба нияти осон ва замонӣ кардани забони ин асар дар баъзе ҷоҳо ҷумлаҳоро мувофиқи хоҳиши худ ва бо забони худ таҳрир карда бошад ҳам, ҳанӯз бисёр ҷумлаҳои аслии китоб, ки ба тарзи шеъри мансур тартиб дода шудааст, дар ҳолати худ боқист.
С.Айнӣ
Рамзшиносони сухан ва нуктадонони асрори кӯҳан¹ ва мудакқикони маонирез² ва ҷигарсӯз ва муҳаққиқони³ шавқангези меҳрандӯз⁴ суханро ба риштаи таҳрир чунин кашидаанд, ки дар замони қадим подшоҳе буд дар мамлакати Рум, маркази салтанаташ Кустантания... Ӯро Озодбахт мегуфтанд... Шоҳи Озодбахт ганҷу гавҳари бешумор ва ҳашаму лашкари бисёр дошт. Чандин шаҳр аз шаҳрҳои Рум, Шом ва тарафҳои мағриб дар таҳи дасти ӯ буд... Бо ин ҳама ҳашамат фарзанде надошт ва шабу рӯз аз Худо фарзанд металабид, ки баъд аз ӯ вориси тоҷу тахти ӯ шуда тавонад. Зеро ки қоиммақоме надошт. Ҳамин тавр вай умр мегузаронид, то ки умраш ба 45 расид.
¹ Асрори кӯҳан — сирҳои кӯҳна, сирҳои қадима.
² Мудакқикони маонирез — тадқиқотчиёни пурмаънӣ, яъне нақлкунандагони ҳикояҳои пурмазмун.
³ Муҳаққиқон — таҳқиқкунандагон, суханро ба далел собиткунандагон.
⁴ Меҳрандӯз — меҳрҷамъкарда — меҳрнок, хушмеҳр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё