Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Шамъдонҳо шамъҳои кофурӣ месӯхт. Навозандагони хушсимо ва хушнавоз ба ҷои худ нишаста, соқиёни маъқул ба по истода, пешхизматони хушлибос аз ҳама ҷо бохабар ва ҳушёр... Он ҷавон ба ин тавр маҷлиси бодабдаба ва тумтароқ даромада ҳайрон шуд ва аз тартиби зиёфати худ ҳиҷолат мекашид. Аммо ҳайронии ман аз вай зиёдтар буд. Чаро ки дар вақти аз хона берун рафтани ман асаре аз ин чизҳо набуд. Ба ҳар ҳол он ҷавонро нишонидам ва худ ба ҷустуҷӯи дилбарам - он баҳри мақсуд – ба ҳар тараф мешитофтам. Ва ӯро дар ҷои худ наёфтам. Бо худ мегуфтам, ки ин нуқуши ғариб дар олами хоб ва ё дар нашъаи шароб ба назарам ҷилвагар аст... аз шербатхонаҳо, аз ошхонаҳои серодам ва сертараддуд гузашта ба танӯрхона расидам ва дидам, ки он нозанин дар назди танӯри гарм истода фармон медиҳад ва кабоби танӯрӣ мепазонад. Ӯро дида пеш давидам, дасташро бӯсидам ва шарҳи ин ҳолро пурсидам. Аммо вай ба ман фарёд карда гуфт, ки:
– Расми одоб ва меҳмондорӣ ин нест, ки меҳмонро танҳо монда худ ба ҳар тараф гардӣ.
Гуфтам:
– Фидои сару пои ту шавам, аз надоидани ҷамоли ту ва дидани ин нақшу нигорҳои аҷиб девонавор ақламро гум кардам...
Вай хандид ва гуфт:
– Вақти гап не, зуд рафта аз ҳоли меҳмон хабар гир, нагузор, ки малоли хотире ӯро рӯ диҳад. Ва ту гумон накун, ки соҳиби ин ҳама ғулом ва хизматгор нестӣ. Албатта чун хоҷа ба онҳо ҳукм фармо ва барои роҳати хотири меҳмон албатта маъшуқаи ӯро ҳам кас монда биёр! Зеро ки «бода бе маъшуқ хӯрдан хуни ишрат хӯрдан аст».

Дарвешон! Аз ин суханҳо хотирҷамъ шуда, ба маҷлис рафтам ва хурраму хандон ба айш нишастам, соқиён, ҳофизон ва навозандагонро ба гарм кардани ишрат амр фармудам.

Ранги соқӣ зи бода гул-гул шуд.
Кулкули шиша савти булбул шуд.

– Ман бародари туам, хонаи ман хонаи туст. Беҳтар буд, ки он нозанини дилбар, маъшуқаи ту ҳам дар ин маҷлис мешуд.

пешина
аз 191
навбатӣ