Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Дарвешон! Ман бо чашми хунафшон ва хотири парешон ба кунҷи масҷид хазидам ва рӯй аз халқ пӯшидам ва рӯзро ба шаб расонидам, посе аз шаб гузашт. Баъд берун баромада ба дарвоза наздик шудам ва ин байтро хондам:
Касеро дар шаби ҳиҷрон ба худ ҳамдам намебинам,
Ба марги хеш розӣ гаштаму он ҳам намебинам.
Магар гӯям дар ин олам ба Маҷнун шарҳи дарди худ,
В-агарна, ҳеҷ ҳамдарде дар ин олам намебинам.
Ногоҳ дарвоза боз шуд ва хоҷасарой маро ба дарун даровард. Он ҷо боғи васеъе дидам, ки бо ҳар гуна дарахтон ороста ва анвои гулу райҳон растааст. Аз миёни он наҳри азиме ҷорӣ буд ва дар лаби он наҳр қолинчаи абрешимӣ партофта ва дар шамъдони тиллокорӣ шамъи кофурӣ даргиронда буданд. Хоҷасарой маро дар он ҷо нишонид ва худаш рафт. Ман дар интизори он нозанин нишаста будам, ки ногоҳ аз як тараф он моҳи тамоми, ба сад эъзору эҳтиром намудор шуд ва аз диданаш як ишқам ҳазор шуд...
Чашмеву ҳазор ноз бо ӯ, Сад гуна карашмааш дар абрӯ.
Дар бараш либоси хеле гаронбаҳо, нимтоҷи пурзинатро дар гӯшаи сарбанд гузошта, хиромон ва доманкашон даррасид. Ба ман бо меҳрубонӣ назар карда, аз аҳволам пурсид. Мани бечораи мадҳуш ёрои нафас задан надоштам. Ӯ баъд аз дилҷӯҳои бисёр ва меҳрубонии бешумор гуфт:
— Маро бубахш, ки барои ман озори бисёр кашидӣ ва аз даме ки маро дидӣ, ба фароғат соате нагузаронидӣ, моли тиҷоратии худро дар роҳи ман сарф кардӣ. Акнун, ана, ин андак харҷиро аз мо гирифта, узри моро қабул намо ва гоҳе ёд бикун.
Хоҷасарой бо ишораи малика ба назди ман ду халта зари тилло оварда монд. Баъд аз он малика ба хоҷасарой гуфт, ки:
— Фалон модиёнро ҳам ба ӯ диҳед, ки ҳамин шаб савор шуда аз шаҳр берун равад.
Инро гуфта вай аз ҷо бархост. Ман дидам, ки ҳозир аз даст меравад, даст дароз карда, дар аснои роҳ доманашро гирифтам ва гуфтам:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё