Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дарвешон! Даруни гунбад чор суфа дошт. Пеши яке аз суфаҳо парда кашида шудагӣ буд. Нимишаб бедор шудам, овози навҳа ва гиряву зории он мард аз паси парда ба гӯшам расид. Чун диққат карда гӯш кардам, мегуфт:

Эй фалак, то ба чанд хунборам?
Раҳм овар бад-ин дили зорам.
Рӯзам аз ғусса гашт чун шаби тор,
Корам аз даст рафту даст аз кор.
Нолаам нест боасар, чӣ кунам?
Сӯхтам, сӯхтам, дигар, чӣ кунам?
Охир, эй сангдил, бикун раҳме!
Шӯхи паймоншикан бикун раҳме!
Дил зи теғи тағофулат хун шуд,
Дидаам ҳамчу рӯди Ҷайҳун шуд.
Як сухан з-он даҳон ҳавас дорам,
Гар ба бӯса на дастрас дорам.

Ва боз мегуфт:
Нола ҳарчанд боасар бошад,
Чӣ кунад бо диле, ки сангин аст.

Маро аз ҳол ва мақоли (гуфтори) он тааҷҷуб омад ва ба ақиби парда рафта, домани пардаро бардоштам ва назар ба даруни парда гузоштам. Тахте дидам дар пешгоҳи суфа гузошта шуда ва ба болои он тахт рахт густурда, нозанине бар болои тахту рахт нишаста ва либоси ба равиши хубони фаранг дарбар, кулоҳи шамсаи фарангӣ бо чегаи навмурассаъ¹ бар сар, пойро дароз карда ва он пири бечора, фақир рӯй бар пои он хуршедсимо мемолид ва бо камоли аҷз² менолид. Он нозанинсанам аз гурури ҳусн ба ҷониби ӯ илтифот намекард.
Дарвешон! Дар назари аввал ақл ва хирадам ба тороҷ рафт.

¹ Мурассаъ – ба маънии он чи ки дар он ҷавоҳирот ба зар нишонда бошанд.
² Аҷз – нотавонӣ, бемадорӣ, беиқтидорӣ, очизшавӣ.

пешина
аз 191
навбатӣ