Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Чун ин ҳар ду амзода (амакбача) бо ҳам бузург шуданд, шефтаи муҳаббат ва фирефтаи улфати ҳамдигар гашта, ишқ меварзиданд. Чун писар ба ҳадди балогат расид, осори қобилият аз симояш пайдо гардид. Подшоҳ дар бораи дафъ кардани он писар бо вазири худ маслиҳат кард. Вазир чунон маслиҳат дод, ки писарро ба девонагӣ муттаҳам созанд ва дар ҳабс нигоҳ доранд, то ки мардум ба ӯ майл накунанд. Подшоҳ низ маслиҳати ӯро салоҳи давлат дониста, писарро банд кард ва хабари девонагии ӯро паҳн кард. Духтар ин хабарро шунида ба дафъи он кӯшид ва пинҳонӣ, баъзе аз дӯстони шоҳзодаро аз ин сир огоҳ сохт. Ошкор шуда истодани асрорро баъзеҳо ба шоҳ хабар доданд. Шоҳ аз тарси он, ки мабодо писарро аз банд халос накунанд, бо машварати вазир ва ҳукамо¹ омӯхт, ки дар ҳузури хосу ом бардурӯғ ба девонагии писар шаҳодат диҳанд. Онҳо дар ҳузури ҳама гуфтанд, ки:
— Будани ин писар дар хонаи ҳавояш паст муносиб нест. Ҳамон беҳ, ки дар боғе бошад. Гулу райҳон ва обу ҳавои он ва нолаи мурғони хушилхон ва холӣ аз мардумон будани он ҷо ба вай таъсир мекунад ва фоида мебахшад. Барои он ки ҳаракати номаъқуле накунад, бояд қафасе созанд, ки аз пӯлод бошад ва ӯро дар он қафас ҷо кунанд. То бо ин васила шояд ҳушаш ба ҷо ояд.
Дар натиҷа писарро ба қафас андохтанд ва дар он боғе, ки ту дидӣ, бурда ба дарахт овехтанд ва ба қаровулии ӯ Кайхисрав ном ғуломи шоҳро бо сад нафар аз мулозимони мӯътамад муайян карданд. Чанд гоҳест, ки ба ӯ хӯрок ва давоҳои номуносиб мехӯронанд, шояд ки бимирад ва мақсади онҳо ҳосил шавад. Аммо дар зоҳир ба ӯ ҳеҷ даст намерасонданд, аз сипоҳ ва халқ метарсиданд. Боз духтар ба дафъи он зарар кӯшид: бо ҳар гуна роҳ Кайхусравро ба дасти худ гирифта, хату хабарро давом кунондан гирифт. Ҳамин номае, ки ту бурдӣ, мазмунаш ин буд, ки: «Дил хуш дор. Айёми ҳиҷрон ба охир расид. Ба ҳар ҳила, ки бошад, мо падарро мекушем ва худро ва туро аз меҳнату азоб мераҳонем». Як хабаркаш ин хабарро ба падараш расонд. Ӯ низ амр кард, ки қӯрчиён қосидро сару даст шикаста, писарро бо қафас ва Кайхисрав
¹ Ҳукамо — ҷамъи ҳаким — ҳакимҳо, донандагони илми ҳикмат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё