Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
– Ба дуои давоми давлати безавол иштигол доранд, лекин аз маҳрумии пойбӯси султон дар ин айём хастахотир ва дилфигоранд.
Подшоҳ гуфт, ки:
– Фардо дар соати аввали рӯз ба боргоҳ баромада, бо хосон суҳбат хоҳам дошт.
Равшанрой бад-ин хушнудӣ маликро дуо гуфта... берун баромад. Умароро розӣ кард ва хизматгоронро фармон дод, то ҳар як ба манзили худ рафтанд.
Подшоҳ аз гузашта тавба кард... барои рафъи бедимоғӣ ба сайр ва суҳбати китоб машғул гардид. Ва ҳар лаҳза боз ба фикр меафтод, аммо худро ба он намедошт... то он ки дар китобе навишта дид, ки «агар касеро гаме ё муҳимме рӯ диҳад ва онро дафъ карда натавонад, бояд ки ба қабристон равад ва фотиҳа хонад... бошад ки дилаш нарм шуда, аз чашмаш чанд қатра ашк резад ва аз он филҷумла дилаш фараҳ ва хотираш таскин ёбад...».
Бинобар ин Озодбахт ба қабристон рафтанро дар хотир гузаронид... сабр кард, то ки шаб даромад, тағйири либос карда, муште танга ва тилоро гирифта танҳо қадам ба роҳ ниҳод ва аз шаҳр берун омад.
Чун ба пеши маргзори қабристон расид, аввало фотиҳа хонда, баъд ба сайр машғул шуд. Дар миёни қабристон чортоке ба назараш расид, ки дар он чароге месӯхт. Шох ба худ гуфт, ки «албатта дар он макон ғарибе хоҳад буд, аз ватан овора ё бечора ё дарвеше аз халқ канора ҷуста... ва аз қайди алоик раста ва дар чунин ҷой нишаста...». Чун ба атрофи чорток расид, чор нафар дарвешро дид, ки хирқаҳои фано дарбар ва дар чор рукни он чорток ба рӯи тахтаҳо нишастаанд, монандӣ бутемор сар ба зери бол кашида, даст бар сари зону ва сар ба рӯи даст гузошта, ғарқи баҳри хомӯшӣ ва восили олами мадҳушӣ гаштаанд. Чароге бар болои санги қабре гузошта шуда, ки чун дили ғарибони аз ӯру диёр дурафтода, дар ғурбат ба дарди бенавой дармонда ва гарди кулфат ва ғам пажмурда ва афсурда карда... подшоҳро ба хотир расид, ки гузаштагон гуфтаанд:
1 Хирка – ҷомаи пора-пора, кӯҳнапораи дӯхташуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё