Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хомаам
Менависад сарнавиштам хомаам,
Талху ширинии тақдирномаам.
Ҳарчи дорам дар дил ифшо мекунад,
Пардаи асрори ман во мекунад.
Ғамзудою ҳамраҳу ёрам туйӣ,
Беҳтарин ёри сазоворам туйӣ.
Ҳар гаҳе ҷоми дилам пур аз алам,
Мешавад он гаҳ мададгорам туйӣ.
Ҳастӣ дўсти сарсупорам эй қалам,
З-ин сабаб гўям ба ту дарду алам.
Сар бифарсойи куни дардам сабук,
Лаҳзае фориғ шавам аз оҳи ғам.
Ҳар гаҳе ошуфтахотир мешавам,
Гўй бар чавгони тақдир мешавам.
Ҳамдаму улфатнишини хомаам,
Ҳар гаҳе маҳзуну дилгир мешавам.
Рузу шаб ҳамрозу ҳамовози ман,
Ҷур худро мекунӣ бар сози ман.
Боз бинвис рози ихфои маро,
Боз рангин кун иншои маро.
Апрели соли 1995

пешина
аз 75
навбатӣ