Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Алла мегуфтиву мекардӣ умед,
То, ки бошад бахти фарзандат сафед.
То набинад дарду доғи зиндагӣ,
То набинад кулфату озурдагӣ.
Дар ғами рўзгор шуд муят сафед,
Лек диле дорӣ бузургу пуруммед.
Гар надонам қадри шират соате,
Бигзор гардад умедам ноумед.
Дар раги ман хун ҷорист –хуни ту,
Меҳри аз андозаҳо беруни ту.
Шуд хати ожанги руят бешумор,
Аз ғаму ташвиши пурафзуни ту.
Модарам доим санохони туам,
Гарчи дурам лек аз ҷони туам.
Мекунад Фирўзаат мадҳи туро,
Гар сухандонам сухандони туам.
Гар ситоишат кунам рўзу шабон,
Мадҳия гуям ба васфат бекарон.
Лек як шаб аллагуйиҳои ту,
Ман натонам гуфт боре бар забон.
Июни соли 1998
Ҷавонӣ
Ҷавониам ҷунуни умри ман буд,
Ҷавониам фусуни умри ман буд.
Бирафту чун камон гардид алифам,
Кунун муҳтоҷу ночору заифам.
Бирафту сумбули муям бихушкид,
Бирафту лолаи рўям бихушкид.
Бирафту кам гардид нури дида,
Хазон бар гулшани умрам расида.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё