Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Донише ки бе амал бошад андўхтан чӣ сўд.
Боз биёву ин дили ранҷидаамро шод кун,
Аз ғамободи ҷаҳон қалби маро озод кун.
Эй басе афсурдааст Маҳфӯз аз кини ҳаёт,
Боз ою кулбаи вайронааш обод кун.
Чун бидидам зиндагӣ пасту баландӣ дошта,
Гаҳ сарпастию гоҳе сарбаландӣ дошта.
Дар ҷаҳон хушбахти кулл ҳаргиз нагардид одамӣ,
Ин сайёди дар камин гоҳо каманде дошта.
Парешон шав
Маро аз қабзаи бераҳми худ боре раҳо бинмо,
Ҳама озорҳоят интиҳо бинмо.
Ту эй бахтам замистони тавиле дар баҳоронӣ,
Ту эй наврўзи умедам гурезонӣ-гурезонӣ.
Биё дигар марав эй навбаҳори орзуҳоям,
Биё к-андар раҳат чашм интизору раҳ мепоям.
Биё эй ғунчаи бахтам шукуфон шав шукуфон шав,
Биё гул кун самар овар ба мисли шед тобон шав.
Биё ин кулбаи сарди маро ҳам нурборон кун,
Биёву мазраҳои сўхтаамро обшорон кун.
Июни соли 1996
Шеъри ман
Шеъри ман эй шеъри пурдарду алам,
Шеъри ман эй шеъри пур аз оҳи ғам.
Бо мидоди ашк эҷодат кунам,
Гашта ҳамрозу ҳам овозат қалам.
Дар шаби танҳоӣ ёри ман туӣ,
Ғамгусору ғамбарори ман туӣ.
Эй тасаллои дили ғамгини ман,
Ҳам хазону ҳам баҳори ман туӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё