Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Мешудаст. Ин дафъа деҳқони бегуноҳе гирифтори туҳмат мешавад. Подшоҳ хостаст, ӯро бикушад. Ба ҳар ду коғаз «марг» навишта гуфтаст, ки бигир. Деҳқон зирак будаст. Бигӯ, деҳқон чӣ кор кардааст, ки зинда мондааст?

Лӯхтак мегӯяд:
— Ба назарам, Меҳрмоҳ ба ин савол ҷавоб дода наметавонад.

Меҳрмоҳ мегӯяд:
— Эй одамчаи ҷолиб.

Лӯхтак мегӯяд:
— Бале.

Меҳрмоҳ мегӯяд:
— Медонӣ чӣ, деҳқон яке аз коғазҳоро дафъатан гирифта мехӯрад. Подшоҳ ночор ӯро раҳо мекунад. Чунки ба коғази бозмонда низ «марг» навишта шуда буд. Шоҳидон гумон мекунанд, ки дар коғази хӯрдаи деҳқон «ҳаёт» навишта шуда буд.

Шаҳзода ва лӯхтак мегӯянд:
— Офарин, сад офарин Меҳрмоҳ.

Шаҳзода лӯхтакро ба таги рӯмол гирифта, зуд либосашро дигар кард, ки кали масхарабоз шуд ва гуфт:
— Дӯсти азизи ман.

Лӯхтаки кал гуфт:
— Бале, бале,

Шаҳзода мегӯяд:
— То ҳол ман ҳикоят кардам, ба онҳо Меҳрмоҳи донову тавоно ҷавоб дод. Ӯ хаста шуд. Акнун ту як чизе нақл кун, ки хастагии Меҳрмоҳ барояду хушҳол шавад.

пешина
аз 264
навбатӣ