Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
САҒИРАДУХТАР
Будаст, набудаст, дар замонҳои қадим як марди камбағале будаст. Вай як зану як духтару як гови кабуд доштаст. Гов аз занаш будаст. Рӯзе занаш касал шуда мурдаст. Ин мард бо духтари чорсолааш танҳо мондаст. Номи духтарак Маҳтоб будаст. Маҳтоб ҳар рӯз то омадани падараш бо духтару бачаҳо дар кӯча лойбозӣ, хоначасозӣ, баҷоякбозӣ карда мегаштаст. Мардак гови аз занаш мондаро ба саҳро бурда мечарондаст ва ҳезум ҷамъ карда, ба бозор бурда мефурӯхтасту нону дигар чизҳои хӯрдани ёфта меомадаст. Ана ҳамин хел, бо духтаракаш зиндагӣ карда мегаштаст.
Дар деҳаи дигар ҳам як занаки бешавҳар будаст. Вай ҳам як духтар доштаст. Номи духтари вай Чаҳтоб будаст. Занак аз танҳоӣ зиқ мешудаст. Ин занак аз гапи мардум мефаҳмад, ки дар деҳаи ҳамсоя як марди занмурда будаст.
Рӯзе пурсидапурсида, ин занак ба деҳаи ҳамсоя рафтасту хонаи ин мардакро пайдо кардаст. Дидаст, ки духтарчаи мардак ба хоку хас ҷӯлида бо бачаҳо бозӣ мекардаст. Зан ба назди Маҳтоб омада, сарашро сила карда, бароиш ширинӣ дода пурсидаст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё