Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
бегоҳ мечарад. Ту ин пахтаро аз чигит тоза карда, ресида биёр.
Моиндар Маҳтобро бо говаш аз дарвоза берун кардааст. Ҳамин тавр, ҳар рӯз падараш барои ҳезум ба ҷангал ва Маҳтоб аз дунболи гов, тугуни пахта дар дасташ ба саҳро мерафтаст.
Аз байн солҳо гузаштааст. Зиндагӣ ҳамин тавр давом кардан гирифтааст. Маҳтоб қадрас шудааст. Падару моиндару Маҳтоб ба ин зиндагӣ одат кардаанд. Баъдҳо моиндар Маҳтобро кори зиёд мефармудаст, азоб медодаст, дашноm медодаст. Бечора духтар ба тақдир тан дода, зиндагӣ мекардаст.
Рӯзе аз рӯзҳо, вақте Маҳтоб ба саҳро рафтаст, шамоли сахт шудасту тугуни пахтаи ӯро гирифта ба як ғор бурдааст. Маҳтоб худ ба худ гуфтаст: «Обооооо, ин чӣ гап? Ҳоло ин пахтаро ман чигит накарда, наресида, калоба накарда ба хона барам, ин моиндарам маро азоб медиҳад. Агар гум шавад, худо зад».
Маҳтоб бо тарсу ҳарос аз дунболи пахтааш ба ғор даромадаст. Дидаст, ки дар пешғаҳи ғор дар болои як суфа се бибии фаришта нишаста ниёиш мекунанд. Дар пешашон дастархон, дар болои он орд, нонҳои гирдаи мисли офтоб, дар болои санги суфтае оташ даргирон аст. Маҳтоб ин се бибии фаришатро дида, ба ниёиши онҳо халал нарасонида, оҳиста дар гӯшае нишастаст. Бибиҳои фаришта даст ба сӯи осмон бурдаанду барои оромиши замину осмон ва одамони нек дуо кардаанд. Баробари тамом кардани дуо Маҳтоб:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё