Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Ҷойгаҳ даромада хоб рафт. Мардак аз саҳро омад. Занак гуфт:
– Мардак, ман касал. Войе, ман мемураме.

Ин тараф тоб хӯрд, нон қарақ-қарақ кард. Он тараф тоб хӯрд, нон қарақ-қарақ кард.
Мардак пурсид:
– Чӣ гап?

Занак гуфт:
– Мемурам. Равед назди фалон фолбин. Вайро гирифта оед.
Мардак фолбинро овард. Фолбин гуфт:
– Давои зани шумо ҳамин гови кабуд. Говро мекушед. Гӯшташро ба ҳамин занак медиҳед, занак нағз мешавад.

Фолбин рафт. Говро оварда куштанӣ шуданд. Маҳтоб пагоҳӣ пеши гов рафта, кишмишу набот доданӣ буд, ки гов гиря дорад. Аз чашмаш шар-шар оби дида рехта гуфт:
– Маҳтоб, имрӯз маро мекушанд. Дигар ба ту касе маслиҳат намедиҳад. Ман гови модарат будам, ба ҷои модарат ба ту маслиҳат медодам. Вақте ки мана куштанд, устухони маро ҷамъ кун. Ба пӯстам печону ба охурам гӯр кун. Ҳар боре, ки ту дучори мушкилӣ шудӣ, ба пеши охури ман биё, ман хоҳиши туро иҷро мекунам. Як маслиҳат, ҳамон дастрӯймоли бибиҳоро ҳаргиз аз худат дур накун.

Маҳтоб ин гапро шунида зор-зор чун абри навбаҳор гиря кард. Осмон баланд буду замин сахт. Илоҷи дигар набуд. Говро куштанд. Шӯрбо карда доданд. Маҳтоб гирёну нолон устухони говро ҷамъ карда, ба пӯсташ печонда, ба охураш

пешина
аз 264
навбатӣ