Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Ин зан Салима ном дошт. Салима ҳунарманд буд. Модараш мегуфт, ки «ҳунар зар асту беҳунар дарди сар». Ӯ аз модараш ҳама корро ёд гирифта буд. Дӯзандаю пазандаи моҳир буд.
Ҷаҳон давида ба теппае баромад. Ҳама ҷо сабз.
Ба ҳар тараф нигоҳ кард. Дид, ки дар як гӯшаи дара дуд мебарояд. Ба ҳамон сӯ рафту расид ва дид, ки як кампири бечора пашмро тит карда ришта мересад. Салима ба кампир рӯ оварду салом дод:
– Салом, холаҷон.
Кампир ҷавоб дод:
– Валейкум ассалом. Дар ин ҷо одамон кам меоянд. Ту кистӣ?
Духтар гуфт:
– Ман чанд рӯз аст, ки роҳгум задам. Холаҷон, иҷозат диҳед, ҳамин шаб меҳмони шумо шавам.
– Майлаш, духтарам. Лекин ман на хӯрдани дораму на нӯшиданӣ. Ҳар рӯз аз адиру дара пашми бузу гӯсфанд ҷамъ мекунам. Шабҳо аз вай ришта тайёр мекунам. Якчанд калоба ки шуд, ба поёни деҳа як савдогар аст, ба вай медиҳам. Вай фурӯхта, бароям нону чизу чора меорад. Ҳамонро хӯрда як ҳафта бо ин писари танбал зиндагӣ мекунем.
Аҳвол ҳамин, духтарам. Бачакам хурд буд, падараш мурд. Ману бачам дар ҳамин кулбаи вайрона мондем. Вай 25 – сола аст. Дар умраш кор накардааст, танбали хоболуд. «Оча, нон» мегӯяд. Нонашро медиҳам. «Оча, об» мегӯяд, обашро медиҳам.
Хайр, як шаб ҳеҷ гап не, як бало мекунем.
Духтар ба атроф нигоҳ кард, ки хеле ифлос, ҳар
чӣ партофтагӣ, шохи дарахту саргину ҳезуму ҳама

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё