Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
— Наздиктар биёву бигир.
Ҳалим ҳам ба духтар нигоҳ кард, ки мисли моҳ аст. Як табассум карду ғелида-ғелида ба тарафи нон рафт. Салима бо табассуми ширин нонро боз каме дуртар бурд. Ҳалим аз табассум илҳом гирифту боз ҳаракат кард.
Офтоб манишаста, кампир бо як борхалта омад. Дарунаш нону равғану биринчу дигар чизҳои хӯрдани. Кампир ба назди кулба расида ба атроф нигоҳ карду ҳайрон монд. Гумон кард, ки кулбаи худаш нест. Ҳама ҷо тозаву озода. Салима давида ба пешвозаш омаду гуфт:
— Омадед, холаҷон?
— Ҳа, духтарам. Хеле заҳмат кашидӣ. Ин қадар корро як худат кардӣ? Боварам намеояд. Офарин, сад офарин. Худо туро ба ман аз куҷо расонд. Кош, боз чанд рӯзак мемондии.
Салима ин гапро шунида хушҳол шуду гуфт:
— Майлаш, холаҷон, боз чанд рӯз мемонам, ба шумо ёрдам медиҳам.
Ҳар рӯз кампир ва Салима ба саҳро баромада пашми бузу гӯсфанд ҷамъ мекарданд. Ба яйлоқ мерафтанд. Гоҳе аз думболи рамаҳо давида пашми молҳоро бо даст харошида мегирифтанд. Аз онҳо ришта мебофтанд. Салимаи ҳунарманд дар чанд рӯз риштаҳои зиёд омода кард. Баъд аз решаи дарахтону гиёҳҳо рангҳо таҳия намуда, ба дӯхтани тоқиву ҷиҳоз шурӯъ кард. Дар як ҳафта чизҳои гуногун дӯхту ба кампир гуфт:
— Холаҷон, инҳоро ҳамроҳи ҳамон савдогар худатон ба бозор бареду фурӯшед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё