Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Мардум гӯш медод, бо одамон сӯҳбат мекард. Аз қазо, имшаб ба корвонсаро омаду дид, ки дар як гӯшаи корвонсаро, ба болои суфа деҳқоне дар паҳлуи хӯрҷини пур аз харбуза нишастаст. Подшоҳ, ки дар линоси дарвешӣ буд, ба назди деҳқон омаду пурсид:
– Салом, марди мусофир.
– Валайкум ассалом.
– Маълум мешавад, ки ба ҷое сафар дорӣ, куҷо меравӣ, ба хӯрҷинат чӣ дорӣ?

– Эй дарвеш, ман як деҳқонам. Ҳар сол харбуза мекорам. Ҳоло ба арки подшоҳ равонам. Ба хӯрҷинам харбуза дорам. Аз харбузаи ман мардуми зиёд чашиданд ба ғайр аз подшоҳ. Мехоҳам, ки ӯ ҳам аз харбузаи ман бичашад.
– Ту харбузаро ба подшоҳ мебарӣ. Ин кори хуб аст. Агар подшоҳ барои харбузаат пуле надиҳад, чӣ кор мекунӣ?

– Ман харбузаамро барои подшоҳ барои фурӯш намебарам. Фақат барои ҳадя. Барои ман ҳеҷ пуле даркор нест. Марҳамат, дарвеш, шумо ҳам чашед.

Деҳқони дасткушод бо табассуми ширин ва муҳаббат даст ба хӯрчин бурд, то ба дарвеш ҳам харбузае диҳад. Дарвеш гуфт:
– Ташаккур, ман кор дорам. Бояд биравам. Худо хоҳад, рӯзе ба полези шумо омада, харбузаи шуморо мечашам. Саломат бошед.

Дарвеш, ки подшоҳ буд, ин гапҳоро гуфта аз назди деҳқон рафт. Ба арки худ даромаду ба дарбонҳояш фармон дод:
– Фардо субҳ деҳқоне меояд. Бо хару ду палла

пешина
аз 264
навбатӣ