Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
мегӯянду месозанду мепардозанд. Дар гузаштаҳо ин гӯяндагон бо номҳои афсонагӯ, афсонапардоз, қиссагӯ, қиссапардоз, ровӣ, наққол ва ғайра дар байни мардум машҳур буданд. Онҳо ҳикоятҳои пешинро бо таровати хос ривоят мекарданд, ҳоло низ нақл менамоянд ва ба дигаргуниҳои замон мутобиқ месозанд.
Ман дар тӯли беш аз 40 сол аз байни мардум, бо вариантҳояш, беш аз ҳазор афсона гирд овардам. Аз баъзе матнҳо даҳ нусха ва шояд зиёдтар дар дасти ман ҳаст. Албатта, бархе аз ин афсонаҳо ҳамон матнҳоест, ки шумо аз калонсолон шунидаед. Вале боз ҳам хондану шунидани онҳо лаззатбахш аст.
То ба ҳол ман афсонаҳоро, он тавре ки мардум
бо лаҳҷаи минтақаи худ мегуфтанд, чоп мекардам. То ки ҳамчун мавод аз он олимони
лаҳҷашинос, фолклоршинос, мардумшинос,
адабиётшинос, фарҳангшинос ҳангоми навиштани асарҳои илмӣ истифода баранд. Акнун тасмим
гирифтам, ки онҳоро ба забони адабӣ бозгӯй
намуда, пешкаши хонандагон гардонам, ки ин
кори вақтгир ва заҳматталаб аст. Масалан, аз як
афсона дар дасти ман даҳ нусха аст. Ҳар нусха
андаке ва гоҳе бештар тафовут дорад. Яке хеле
кӯтоҳ, дигаре хеле тӯлонӣ. Ҳатто баъзе гӯяндагон
ба як афсонаи машҳур чанд лавҳаи ҷолиб илова
сохтаанд, ё як лаҳзаи муҳими онро фаромӯш
кардаанд. Аз ин рӯ, ман як нусхаи нисбатан
муносибро интихоб намуда, бо истифода аз
вариантҳои дигар онро ба забони адабӣ баён
намудам. То хонандагони афсонадӯст, ки дар ҳар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё