Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Гӯшаву канори кишварамон ҳастанд, аз он баҳраманд шаванд.

Афсонаро адибони зиёд ба мисли Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддини Айнӣ ва дигарон, аз адибони машҳури кишварҳои ҷаҳон Шарл Перрои фаронсавӣ, бародарон Гримми олмонӣ, Александр Пушкини рус, Ҳанс Андерсени даниягӣ ва монандӣ инҳо ба назму наср бозгӯӣ кардаанд.

Хонандагони гиромӣ!

Барои он ки ман афсонаҳои ин китобро ба саликаи шумо наздик созам, гоҳе чанд нусхаи як матнро муттаҳид намудам, то ки шумо аз ҳамаи лавҳаҳои мавҷуди матн истифода баред. Масалан, афсонаи «Бузаки чингилапо» дар кишварҳои Шарқу Ғарб машҳур аст. Дар минтақаҳои Тоҷикистон низ номҳои гуногун дорад: «Бузаки чингилапо», «Бузаки чинӣ-бинӣ», «Ҳафт бузича», «Ҳафт бузгола», «Буз ва бузголаҳо», «Гург ва бузичаҳо», «Ҳафт бузича ва гург», «Буз ва гург» ва ғайра. Дар ин китоб ман варианти «Ҳафт бузича»-ро интихоб намудам.

Яке аз матнҳое, ки дар байни мардум то ба имрӯз машҳур аст, ин афсонаи «Модарандар ва духтарандар» аст. Афсонаи мазкур дар байни мардум бо номҳои «Гови зард», «Гови кабӯд», «Моиндар», «Модари ӯгай», «Духтари ӯгай», «Духтар ва модари ӯгай» ҳоло ҳам нақл карда мешавад. Вариантҳои ин афсона бо лаҳҷа дар маҷмӯаҳои «Афсонаҳои Самарқанд» (1965), «Афсонаҳои Ӯротеппа» (1992), «Баёзи эҷодиёти

пешина
аз 264
навбатӣ