Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Барзу мегӯяд:
— Не, ман оини шуморо қабул намекунам. Ман ба яздони пок итоат мекунам. Дар оянда фақат гапи бобоямро гӯш мекунам.
— Бобоят кист?
— Рустами Достон.
— Рустами ҷаҳонпаҳлавон?
— Бале.
— Эй паҳлавон, оини моро қабул намо, то Фарангибону азони ту шавад, коҳу қасру лашкари мо азони ту. Медонӣ, тибқи қонуни кишвари мо касе оини моро қабул накунад, ба вай духтар намедиҳем.
Барзу мегӯяд:
— Не, намепазирам.
Подшоҳ асабонӣ мешавад. Барзуро ба зиндон меандозад, ки шояд пас аз муддате ба шарти подшоҳ розӣ шавад. Барзу дар зиндон. Фарангибону ҳар шаб пинҳонӣ ба зиндон хӯрок мебарад. Аз байн чанд моҳ мегузарад. Барзу гапи подшоҳро қабул намекунад. Як рӯз Фарангибону ба сараш ҷиммату ҷодар кашида, пинҳонӣ ба бозор меравад. Дар як гӯшаи бозор се дарвешро мебинад. Дарвешон бо садои дилнишин месароиданд. Аз садояшон маълум буд, ки онҳо аз ин кишвар нестанд. Фарангибону ба назди онҳо омада мепурсад:
— Шумоҳон аз куҷоед?
— Ба мо чӣ кор дорӣ? Мо аз Эронзамин.
— Аз Эронзамин чӣ хабар доред.
Дарвешон аз ин гап ҳайрон мешаванд. Фарангибону ба онҳо чанд сиқкаи тилло медиҳаду мегӯяд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо