Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Хиштаки Сари Танӯракам ту хӯрдӣ!
Болошинакам ту хӯрдӣ!
Таҳшинакам ту хӯрдӣ!
Тоҷҷапаракам ту хӯрдӣ!
Мехҷапаракам ту хӯрдӣ!
Баро ба ҷанги шохи ман!
Ин гапро шунида рӯбоҳ ҳайрон шуду аз хонааш сарашро бароварда гуфт:
– Эй Бузаки Чингилапо,
Чӣ мезанӣ ба ҳар ду по?!
Алӯлатро нахӯрдам,
Булӯлатро нахӯрдам,
Хиштаки Сари Танӯратро нахӯрдам,
Таҳшинакатро нахӯрдам,
Тоҷҷапараку Мехҷапаракатро нахӯрдам,
Намебароям ба ҷанги шохи ту!
Буз мегӯяд:
– Ту рӯбоҳи маккору бадрафтор дурӯғ мегӯӣ.
Рӯбоҳ савганд мехӯрад:
– Ба Худо савганд, рост мегӯям. Шояд ин кори шағол бошад.
Бузак аз болои боми рӯбоҳ бо шаст парида фуромаду ба хонаи Шағол рафту ба болои бомаш баромада, бо ду пои пешаш тук-тук, тук-тук, тук-тук задан гирифт. Шағол ҳам ҷӯраҳояшро меҳмон карда буд. Аз тук-тук задани буз ба рӯи дастархони Шағол мисли борон хок рехт. Ин аҳволро дида шағол бо хашм ба берун баромада, дод зад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё