Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
– Қозӣ ҳам намехоҳад ёрӣ диҳад. Мегӯяд, ки ман шоҳиди додани тангаҳои тилло набудам.
Заргар дигар ноумед шуд. Як оҳе кашида аз дил гузаронд, ки «дар вақти бино буданам дӯстони зиёд доштам, ба ҳама мадад мекардам. Имрӯз ба чӣ аҳвол гирифтор шудам». Ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд. Зан ин аҳволи заргарро дида раҳмаш омад. Ӯ бисёр зираку доно буд. Оҳи заргарро шунид, ашки чашмонашро диду ба наздаш омад, бо дастрӯмолча пок карду гуфт:
– Ғам махӯр, ман дар канорат ҳастам.
Зани заргар худ ба худ савганд ёд кард: «магар ҳамин дӯстӣ аст? Агар ман ҳазор тангаи тиллоро аз мулло барзиёд карда нагирам, ман зани заргар нестам». Шаб хеле фикр кард. Ҳилаҳо ҷуст.
Найрангҳои шунидаашро як-як ба пеши назар овард. Афсонаҳоеро, ки дар бораи айёрон шунида буд, ба ёд овард, баъд ба заргар гуфт:
– Эй заргар, ман дар ин чанд рӯз хеле парешону хаста шудам. Ба ман иҷозат бидеҳ, ки аз ин муллои номарду нобакор ҳазор танга тиллои туро биситонам.
Заргари нобинои бемор гуфт:
– Ту зани меҳрубонӣ. Дар ин солҳо дидам, ки ту порсову покдоманӣ. Ин ман ҳастам, ки иштибоҳ карда, ҳазор тангаи тиллоро ба мулло додам.
Аз суханҳои ширину рангини ӯ гумон карда будам, ки дӯсти орифу марди шариф аст, ҳоло мебинам, ки одами касиф аст. Ҳар коре мекунӣ, ихтиёр дар дасти худат.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо