Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Буз ба савганди шағол бовар кард:
– Пас ин кори кист?
Шағол гуфт:
– Ба назарам, ин кори гург аст. Ба хонаи Гург рав. Зӯр бошӣ, бо Гург биҷанг!
Гург дар хона ҷӯраҳояшро меҳмон карда, нақл мекард, ки чӣ хел бачаҳои бузро култ-култ ба мисли об фурӯ бурд. Бузак давида-давида ба хонаи гург омада, парида, ҷаҳида ба боми гург баромада бо асабоният бо чор пояш так-тук, тук-тук, тук-тук задан гирифт. Тамоми рӯи фарши хонаи гург пури хок шуд. Ба чашми меҳмонони гург хок даромад. Аз тук-туки ногаҳонӣ гург дар ғазаб шуда сарашро аз хонааш берун бароварда гуфт:
– Кист дар бомаки ларзонаки ман?
Хок мерезад дар ошаки явгонаки ман?
Ошаки явгонаки мо шӯр шуд!
Меҳмонаки азизи мо кӯр шуд!
Буз ҳам овозашро баланд карда, бо асабоният гуфт:
– Манам, Бузаки ҷингилапо,
Мезанам ба ҳар чор по!
Кӣ хӯрдаст Алӯли маро?
Кӣ хӯрдаст Булули маро?
Кӣ хӯрдаст Хиштаки Сари танӯри маро?
Кӣ хӯрдаст Болошинакамро?
Кӣ хӯрдаст Таҳшинакамро?
Кӣ хӯрдаст Тоқчапаракамро?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё