Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

НаврасонАфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

Усто нону кулчаҳои бомаззаро гирифт. Шоҳҳои Бузакро оҳанпӯш кард. Нӯги онҳоро чунон тез кард, ки сангро занад, шикоф мешуд.

Гург аз паси буз поида рафту ин рафтори ӯро дид. Вай ҳам баъди Бузак ба пеши оҳангар рафт. Ногоҳ чашмаш ба оғули оҳангар афтод. Дид, ки ду гӯсфанди фарбеҳ баста мондагӣ. Якеро даронда хӯрду, дигареро дастовез карда ба назди оҳангар бурда дӯғ зада гуфт:

– Эй оҳангар! Ма, ин гӯсфандро гиру зуд дандонҳоямро тез кун, ба ҷанги буз меравам.

Бечора оҳангар аз дӯғи гург тарсиду гӯсфандашро шинохт. Дар дилаш гуфт: «Ӯ, нобакоре, гӯсфанди маро кафонда барои ман оварда, боз дӯғ зада, дандонамро тез кун мегӯяд. Ман ҳоло очаи зори туро нишон медиҳам».

Усто бо анбур дандонҳои Гургро якта-якта канда партофта, ба ҷои онҳо пунбандона мешинонад. Гург хурсанд шуда, ба майдони ҷанг меравад.

Ҳар ду рӯ ба рӯ шуданд. Аввал гург «худо дод» гуфта, бо шаст ба Бузак ҳамла карду ба шикамаш дандон зад. Баробари дандон задан ҳамаи дандонҳояш якта намонда рехт. Гург ҳайрон ба дандонҳои рехтааш нигоҳ мекард, ки ногоҳ бузак омада бо ду шохи тезаш чунон ба шиками гург зад, ки ду пора шуду ҷо ба ҷо мурд. Ҳамин дам аз шиками вай давида Алӯлаку Булӯлак, Хиштаки Сари Танӯрак, Тоқчапараку Мехҷапарак, Болошинаку Таҳшинак баромаданд.

Онҳо очашонро дида хурсанд шуданд. Бузак бачаҳояшро ба оғӯш гирифту насиҳат кард:

пешина
аз 264
навбатӣ