Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Мӯрчаву сангпушт ба сари гандумзор омада, даравиданд, банд бастанд, хирман карданд, кӯфтанд. Сонӣ бод дода, ғалбер карданду акнун тақсим мекарданд, ки яке саросемавор, бо оҳу воҳ рӯбоҳ пайдо шуду гуфт:
– Аз теппаро нигоҳ доштан қариб буд, ки ҷонам барояд. Азоби даҳшатнок будааст.
Мӯрча бо пичинг гуфт:
– Офарин-офарин, аз рангу рӯят маълум аст, ки бисёр азоб кашидӣ, лекин дӯстам, ин ҳосил кам аст, ба ҳама намерасад.
Рӯбоҳ хандида айёрона гуфт:
– Дуруст мегӯӣ, ту майдаяк, ризку рӯзиятро аз ҳар куҷо чинда мегардӣ, сангпушт ҳам зиёд хӯрок намехӯрад. Мани бечора ин тарафу он тараф медавам, гандумро ба ман дихеду монед.
Ин гапи рӯбоҳ ба сангпушт нафорид, ки гуфт:
– Эй рӯбоҳ, ту меҳнат накардӣ. Боз ҳосили моро муфт гирифтанӣ ҳастӣ?
Байнашон моҷаро сар шуд. Зӯри ҳарду ба рӯбоҳ намерасид. Мӯрча зиракӣ карда гуфт:
– Майлаш, кори нашуда шуд. Ҷанҷол хуб нест. Биёед, баробар тақсим мекунем.
Рӯбоҳ чун одат ҳиларо ба кор бурда, ҳамаи ҳосилро худаш гирифтан мехост. Ӯ ба мӯрча ва сангпушт гуфт:
– Дӯстонам, баҳс хуб нест. Ман ҳам заҳмат кашидам. Дар дунё шарт гуфтанӣ гап аст. Биёед, шарт мебандем. Ҳар кӣ шартро барад, гандум аз они ӯст.
– Чӣ хел шарт? – пурсид мӯрча.
Рӯбоҳ гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё