Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

КӯдаконНаврасонАфсона
Аз аввал хондан

«фишшӣ» кард, бадани ҳезумкаш «вижжӣ» кард. Ҳар ду боз роҳ рафтанд, ки аз пешашон як хари нимҷон, пушташ хуншору захмдор баромад. Ҳезумкаш аз хар пурсид:
— Эй хари боркаш, ту ба одамон хеле хизмат кардӣ, бор кашондӣ, бо одамон ба ҳар тараф саёҳат кардӣ, таҷрибаи зиёд дорӣ. Ба як саволи ман ҷавоб деҳ.

Хар базӯр сарашро аз замини камалаф бардошта гуфт:
— Чӣ савол? Пурс.
Ҳезумкаш гуфт:
— Ба некӣ, некӣ аст, ё бадӣ?
Хар бо алам ҳангос заду дилашро ба ҳезумкаш холӣ кард:
— Эй ҳезумкаш, аҳволи маро намебинӣ? Ман солҳои дуру дароз дар хизмати одамон будам. Ин қадар бор кашондаму хизмат кардам, ки ҳамаашро гӯям, чанд достон мешавад. Вале имрӯз аҳволи маро бин ба некӣ, бадӣ шуд.

Ҳезумкаш ба ҳаяҷон омад. Дар дилаш гуфт, ки агар ин мор маро газад, мемурам. Мор гуфт:
— Дигар тамомом, дидӣ, ба некӣ, некӣ нест, бадӣ аст. Дигар ман маҷбурам, ки туро газам.
Ҳамин дам як марди нуронӣ пайдо шуд. Дар дасташ китоб буд. Ин марди нуронӣ ҳезумкашу морро дида бо тааҷҷуб нигарист. Гумон кард, ки ин мард морбоз аст. Чун одати одамони нек салом дод. Ҳезумкаш аз саломи бомеҳри вай шердил шуда гуфт:
— Эй бародари азиз, ҳамин мор маро газиданӣ.
Марди нуронӣ пурсид:
— Чаро?

пешина
аз 264
навбатӣ