Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

НаврасонАфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

мешуду барфу борон меборид. Тугмаи оинаи ҷаҳоннаморо пахш намуд, ки тамоми дунёро беовоз медид. Баъд хеле зарифона ба акааш гуфт:
– Ақаҷон, барои ҳамаш аз замин, то осмон ташаккур. Лекин як чизро бароит гӯям, ё нагӯям?
– Бигӯ, боз чӣ?
– Ҳамин оинаи ҷаҳоннамо гап намезанад, фақат сурат дорад. Суратҳо мехонанду менавозанду гап мезананд, вале садояшон шунида намешавад.
– Пас чӣ бояд кард?
– Мегӯянд, ки булбулигӯё будааст. Агар ҳамонро пайдо кунӣ, тасвирҳои оинаи ҷаҳоннамо гап мезананд.

Заркокул як оҳ мекашаду дар дил мегӯяд, ки «гапи хоҳарам дуруст аст». Боз аспи тездавашро савор шуда, ба пеши девкампир меравад. Девкампир мегӯяд, ки:
– Писарҷон, тую хоҳрат як душмани сахт доретон, вале эҳтиёт шаветон. Ин дафъа ин кор хатари сахт дорад. Рав ба пеши хоҳарат, барояш гӯй, ки дар як коса ҷурғот монад. Вай бояд ба коса нигоҳ кунад. Агар ба сари ту хатари сахт ояд ранги ҷурғот хун мешавад. Дигар тамом.

Заркокул ба хоҳараш ин гапро гуфта, ба назди девкампир меояд. Девкампир бароиш роҳ нишон медиҳад:
– Аз ин кӯҳ гузашта меравӣ, як дара пайдо мешавад. Ду кӯҳи ин дара ба якдигараш шараққос мезанад, боз кушода мешавад, мезанад боз кушода мешавад. Ту як дам нигоҳ карда, баъд баробари кушода шудани кӯҳ, зуд аз байни он бидуни ист гу-

пешина
аз 264
навбатӣ