Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

товар. Подшоҳ ҳангоми ба табақаи дуюм баромадан дид, ки як зина кам аст, ба моҳигир нигоҳ карда гуфт:
– Ин ҷо як зина намерасад-ку.
Моҳигир ҷавоб медиҳад:
– Олиҷаноб, вақт кам буд. Ин як зинаяк аст, инашро устоҳои худатон ҳам месохтагистанд.

Аз ин гапи моҳигир подшоҳ ҳиҷолат кашиду натавонист гӯяд, ки ин зинаро ҳам худат бисоз. Подшоҳ ба устоҳои худаш фармуд, онҳо чандин ҳафтаҳо зӯр заданду ҳамин як зинаро мисли он сохта натавонистанд. Сарзаниш кард, лаънат хонд. Подшоҳ ана ҳамин хел золим буд, мардумро ҷабр мекард. Халқ аз вай норизо буд.

Подшоҳ аз давлату савлати худ ифтихор мекард. Рӯзҳо гузашт, вале фикри подшоҳ ба ҳамон Малика, зани моҳигир кашол буд. Ҳусну латофати ӯ аз пеши чашмонаш намерафт. Як рӯз ба вазир гуфт:
– Дар дунё подшоҳе мисли ман нест, ки ин қадар ҳашамату савлату давлат дошта бошад. Ин қасрро бин, ин боғу роғро бин. Мардум ҳама дар хизмати ман.

Ҳамаи ин шуҳрату айшу ишрат аз зулму истибдоду ҷабру ҷафо буд, вале подшоҳ ифтихор мекард.

Ҳамин дам вазири хушомадгӯи ҳилагар гуфт:
– Агар дар ҳамин давлату ҳашамат, дар ин қаср ҳамон Малика мешуд, чӣ қадар хуб буд.
Подшоҳ бо алам гуфт:
– Як қаср бисоз гуфтем, ки вай иҷро кард, вайро нобуд карда нашуд.

пешина
аз 264
навбатӣ