Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан- Салом, амаки кафшдӯз.
- Валайкум, гурбаи думбурида, чӣ хизмат?
- Илтимос, думамро бидӯз.
- Майлаш, лекин барои думи ту сӯзани мувофиқ надорам. Ба назди оҳангар рав ва як сӯзан сохта биё.
Гурба рафт назди оҳангар.
-
Салом, амаки оҳангар.
-
Валайкум ассалом, гурбаи думбурида.
-
Амаки оҳангар, ба ман як сӯзани махсус сохта бидеҳ, ба кафшдӯз барам, вай думамро дӯзад.
-
Майлаш, вале дар кӯраи оҳангарӣ ангишт надорам. Агар назди кӯҳкан рафта, ангишт биёрӣ ту, он гоҳ сӯзан сохта, онро гузорам дар ихтиёри ту.
Гурба давида назди кӯҳкан рафту гуфт:
- Акаи кӯҳкан, ба ман ангишт бидеҳ, ангиштро ба оҳангар диҳам, оҳангар ба ман сӯзан созад, сӯзанро ба кафшдӯз диҳам, кафшдӯз думамро дӯзад.
Кӯҳкан гуфт:
- Қувват надорам, рав назди қассоб, бароям гӯшт биёр, ки пазаму хӯраму ангишт канам.
Гурба назди қассоб мераваду мегӯяд:
- Акаи қассоб, бароям гӯшт бидеҳ, ки ба кӯҳкан барам, кӯҳкан ба ман ангишт диҳад, ангиштро ба оҳангар барам, оҳангар ба ман сӯзан диҳад, сӯзанро ба кафшдӯз барам, кафшдӯз думамро дӯзад.
Қассоб гуфт:
- Гурбаяки думбурида, нон надорам, ки хӯраму қувват гираму гӯшт пора кунам. Рав назди нонвой ва бароям нон биёр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё