Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ту барои чӣ механдӣ?

— Барои он ки ғайри чашмдошт ҷавоби ҷавҳардор шунидам, — боз хандааш омада, гуфтам ман.

— Хайр, шунав, ҷарроҳи раҳгум. Шунидан гир...

Вай инро ба забон оварда, бо як қароҳати ошкоро аз ман рӯй тофт. Ва аввал то намози шом, баъдан намози хуфтанро нахонд, дигар окофе накард, — гӯё ба ҳама ногап буд. Сипас дар болои каташ чанд карат тоб хӯрда, ҳине ки ҳамхонаҳо як муддат ба сукут рафтанд, аз сари нав ба ман нигарист. Беҷо менамуданд чашмони сабзрангаш, тез буданд чун дами теғ... Боз чӣ мегуфта бошад ин муфтии даврон? — ҳайрон шуда, китоби дастамро, ки чор-панҷ рӯз қабл харида, шабҳо кам-кам мехондам, ба рӯи болин гузоштам ман.

— Ту барои чӣ хандидӣ? — ниҳоят ғур-ғур кард Сафаралӣ.

— Кай? — ҳайратам бештар гардида, пурсидам ман.

— Ҳамин як-ду соат пеш...

— А-а-а, — табассум кардам ман. — Фақат ин бандаи ганда не, ҳама хандиданд.

— Лекин ту бояд намехандидӣ! — гуфт ӯ ба оҳанги фармон.

— Сабаб?

— Намедонӣ?

— Не.

— Сабабаш... — дандон совид Сафаралӣ, — инҳо ҳамдиёри ман. Меҳанданд ё намеханданд, мо аз як ноҳия, ҳатто аз як решаем. Аммо ту кистӣ?

— Ман?! — беихтиёр аз ҷой хеста, ҳамчунон

пешина
аз 67
навбатӣ