Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
Нестам. Ту мисли падарат чӣ зоти хавфнокӣ, — намедонам магар?
– Боз падарам...
– Агар мардуми мо аз раҳи оштӣ гузашта, ҳамдигарро намебахшиданд, падарҷонат на дар бистари нарми хонааш, балки дар кунҷи ягон маҳбас ҷон медод. Худат ҳам ин хел гаштаву баргашта орзуи Маскав намекардӣ. Сари вақт меёфтанд ҷои ба кору кирдорат муносибро.
– Шукр, ки тақдири ман ба чанги ту нахӯрдааст. Вагарна дар як рӯз хокамро мебехтӣ.
– Ҳоло ҳам туро ҳашароти зарарнок барин маҷақ карда гузаштан заррае душворӣ надорад. Аммо метарсам, ки ба бӯят дигар истода намешавад.
– Ин қадар шаф-шаф нагуфта, шафтолу гуфтан беҳтар нест?
– Ту ба илова аҳмақ ҳам будаӣ!
– Ба далел гап зан.
– Ростӣ, ё аз он дараҷае, ки медонам, маккортарӣ, ё билкул аҳмақӣ.
– Шояд, одамизодем...
– Оё фаромӯш кардӣ?
– Чӣро?
– Ту он солҳо кӯдак набудӣ, ки аз ёдат рафта бошад. Ҳатто зан доштӣ, бурутат ро табар намебурид.
– Кадом солҳо? – боз гардан ёзонд Сафаралӣ. – Чӣ гуфтан мехоҳӣ, ҳеҷ намефаҳмам.
– Бача намефаҳмад...
Инро гуфта, Хуросон абрувони ғафсашро хаёлманд боло кашид. Ва чунон ки баногоҳ гаранг шуда бошад, фурсате хомӯш монд. Лекин мижа назада, ба вай чашм медӯхт. Ба мисли абри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё