Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Нишинем. Дар болои он як чормағзи калон шоҳу барг давонда, мевааш ҳанӯз хом, ба виқор сукут меварзад. Аз кадом гӯшаи деҳа овози мошин баромада, пас аз фурсате дар гӯшаи дигар хомӯш мегардад. Ҳуши ман боз ба ғул-ғули оби ҷӯйбор пайваста, чашмонам гӯё роҳ дида бошанд, ягон дақиқа... ё бештар ба раддаи гулҳои махмалаки қади он менигарам. Ва беихтиёр аз дил мегузаронам, ки аҷаб баасрор аст вақти ғуруби офтоб. Алалхусус дар ин гуна рустои дурдаст, дар пошнаи кӯҳҳои баланд...

— Бибӣ! — ногаҳон садо медиҳад Саъдӣ.

— Чӣ мегӯӣ? — ҷавоб меояд аз поини ҳавлӣ.

— Ман омадам.

— Хуб кардӣ...

— Алаф медаравӣ?

— Кори ҳаррӯзаам...

— Рафта биёрам?

— Худам мебарам.

— Бибии ман қаҳрамон, — маънидор табассум карда, акнун ба ман мегӯяд Саъдӣ.

— Дӯст медорӣ?

— Киро? — ба худ ваҷоҳати ҷиддӣ мегирад ӯ.

— Мегӯям, ки бибиатро...

— Бибӣ бошаду дӯст намедорӣ?! — ҳайрон мешавад Саъдӣ.

— Боз...

— Чӣ, боз?

— Боз киро дӯст медорӣ?

— Падару модарамро, тағоямро, хоҳаронамро...

— Охирин бор падарат кай омада буд?

— Порсол, тирамоҳ.

— Албатта, хеле истодагист?

— Не-е, як моҳ баъд гашта рафт.

пешина
аз 67
навбатӣ