Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Аз дарди кӣ? Аз кадом фоҷиа? Дурусттар бигӯ, — худаш чӣ гап? — акнун ҷиддӣ мепурсад Суҳайло.

— Фоҷиа, ҳодиса... — асабӣ мешавад Бибирухсора. — Аз чӣ мебуд? Албатта, аз он рӯзи сиёҳ, ки ба сари эшони Муқтазо омадааст.

— Тинҷӣ, дугона? — ба тахминам, ҳоло ранги Суҳайло як қадар меканад.

— Чӣ, нашунидаӣ? Аз ҳар воқеае ки дар ин музофот рӯй медод, аввал худат бӯй мегирифтӣ... Ба ту чӣ шуд?

— Аз мурданам хабар дорам, лекин аз ягон гапи ба эшони валӣ дахлнок хабар надорам. Бовар кун.

— Тавба! — мегӯяд Бибирухсора мутаҳайир. Ва даме сукут варзида, маҳзун ба миён меандозад: — Ҷанобилмахсумро куштаанд.

— Ваҳ! — Ман тасаввур мекунам, ки дар ин лаҳза чӣ тавр даст ба гиребон мебарад Суҳайло. — О вай чандин сол боз дар Русия мегашту...

— Мегашт-намегашт, хулоса, куштаанд. Ҳамон писари дар бисоти эшон яккаву ягонаро! Шунидан баробар дилу ҷигарам рехт. Вафо надорад ин дунёи ҳуққабоз.

— Ба ту кӣ гуфт? Одами аниқ, ё ягон беваи даҳонаш калӯш?

— Нав раҳгузар шуда, Шакаргул омада буд.

— Вай дурӯғ намегӯяд. Ба вай бовар кардан мумкин.

— Ҳушат дар ҷояш, занак? Албатта, мумкин. Дар ин хел мавридҳо ҳатто беваҳои даҳонкалӯши ту мегуфтагӣ ҳам ҳарфи дурӯғро ба забон намегиранд.

— Гоҳо чунон мегиранд, ки... эҳа-а-а!

— Шояд, — лаҷоми суханро кӯтоҳ кардан ме-

пешина
аз 67
навбатӣ