Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Шукӯҳи он, мадфану мадрасаҳояш қадам ба қадам ошно мешуд. Вобаста аз ин гузаштаи дуру наздики Мовароуннаҳр ва мардуми қаҳрамони онро амиқтар дарк менамуд. Ба хаёл мерафт, фикр мекард.

Фикр мекард, ки аҷдодаш – решаҳои баномуси ӯ чӣ асрҳои пурталотум ва чӣ давраҳои тақдирсозро аз сар гузарондаанд. Ба гуна-гуна истилогарон мубориза карда, бисёр вақтҳо хуни ҷигар шуда, то ҳадде илоҷаш буд, ин ватанро, ин шаҳру деҳоти сершуморро ба фарзандон бегазанд мерос гузоштаанд. Пас лозим аст, ки имрӯза авлод ҳамин диёри куҳанро мисли гавҳараки чашм ҳифз кунад, ба он меҳр бандад, беш аз пеш шӯҳратманд гардонад.

Гоҳо ба Бароталӣ чунин менамуд, ки аз қаъри асрҳо гӯё садои ниёгони пуршарафашро мешунавад. На танҳо садои подшоҳону сарлашкарон, балки нидои уламову шуарои зиёдеро низ, ки дар таърихи башар саҳми босазо гузошта, дар роҳи ғановити фарҳанги олами мусулмон, густариши дини мубини ислом хидматҳои бузург кардаанд. Пас ба ҳар фард лозим аст, – меандешид Бароталӣ, – чӣ тавассути илму дониш, чӣ бо заҳмати муқаррарӣ аз барои ободӣ ва амонии кишвари худ дар талош бошад.

Он солҳо дар мактаби олӣ таълим гирифтан, чунон ки имрӯз дар бисёр мавридҳо рӯй медиҳад, осон набуд. Зеро ҳанӯз шасти даврони Сталин дар шуурҳо асар дошт, – пора намеситонданд, ситондан хоҳанд ҳам, метарсиданд. Донишҷӯён аз рӯи савод ва тобу тавони худ имтиҳон месупурданд. На устод муттаҳам буд, на шогирд. Модом ки кору бор чунин мерафт, устод сахт меқапид, дониш талаб мекард. Шогирд огоҳона

пешина
аз 87
навбатӣ