Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
мустаҳкамии ҳаётӣ дошт. Олим-паҳлавон мехост, ки писари акнун ба бисту ду қадам гузоштааш дар зери чашми падар ба фаъолият оғоз намуда, лозим ояд, сари вақт маслиҳат гирад, насиҳат шунавад, тарзу тариқи муомила ва муносибат ба одамонро омӯзад, аз нахустин қадамҳояш дар кори мустақил роҳи ростро аз каҷ ҷудо карда, ба фарқи сафеду сиёҳ мерафтагӣ шавад. Вай медонист, ки писараш ҷавони бофаросат аст, бо вуҷуди ин худ ба худ меандешид: насиҳат ё маслиҳат ба фарзанд ҳеҷ гоҳ зарар надорад, бахусус дар айёми шабоб. Магар дониста нагуфтаанд — бе пир марав, ки дар бимонӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ? Олим-паҳлавон ҳоло дар остони пирист, аммо писараш Сикандар нест, ҳамагӣ як ҷавони ҳанӯз бетаҷриба, ки нав диплом гирифта омадааст. Пас дар марҳилаи аввали фаъолият ба вай роҳу равиш нишон додан лозим.
Кӣ метавонад шак орад, ки дар ин амали савоб беҳтару пештар аз падар дигар касе нест?
Ҳамин тавр, Бароталӣ Олимов дар совхози Тозаобод ба адои вазифа шурӯъ намуд. Ба як ҳисоб падараш, мудири шӯъбаи хоҷагӣ, дар зери дасти ӯ кор мекард. Ва аз ин гоҳо шармаш меомад. Вале маслиҳатҳои падар доир ба тоби замин, тарзи пахта коридану онро парвариш додан айни муддао буданд. Вай ба сирри деҳқонӣ бештар сарфаҳм рафта, илмаш тадриҷан ба амал мепайваст. Инро мушоҳида намуда, Олим-паҳлавон гоҳо таъкид менамуд, ки илм агар ба амал ёр гардад, яки кас ҳазор гардад...
Баробари вобаста аз талошҳои рӯзмарра касби худро такмил додан Бароталӣ дарси зиндагӣ
ҳам меомӯхт. Дар ин дарси мушкил ба вай на

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё