Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Боназокат ва рамзфаҳм аст. Овозаш ширадори ниҳоят форам буда, хеле ором, лӯнда ва пурмазмун сухан меронад. Мантиқаш бақувват, ки ин ҳам, албатта, неъмати худодод аст. Бештар ӯ аз боби нақшаҳояш дар роҳи ободонии ноҳия ҳарф зада, дар ҳаққи ягон нафар бад намегӯяд. Вале номи неконро аз забон намегузорад. Зирак аст, чӣ инсон будани касро ба як дидан мефаҳмад.

Ҳоло Бароталӣ дар Деҳнав нест. Аз рӯи гапи Нурмуҳаммад, ду-се рӯз қабл Тошканд рафтааст — барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси Олӣ. Вай, охир, намояндаи мардумӣ...

Дар сари ҳамин андеша будам, ки ногаҳон дар саҳни меҳмонхона як мошин омада истод. Ва аз он Бароталӣ Олимов ва муовини ӯ Темур Шавкат хушнудона берун шуданд. Вохӯрдӣ кардем, аз ҳамдигар аҳвол пурсидем. Сабаб чӣ бошад, Бароталӣ аз ҳарвақта дида хеле рӯҳбаланд менамуд. Муовинаш низ, чеҳраи фарох ва гарми соф турконааш фарохтар тофта, гӯё мешукуфт. Хулоса, омадани онҳо тавре буд, ки дар хаёлам борон битамом қатъ гардида, офтоб баромад, ё ба саросари ин боғи обод насими тоза вазид.

Баъде ки дар гирди як пиёла чой нишастем:

  • Аз Тошканд саҳарӣ баргаштам, бо тайёраи Тирмиз... - гуфт Бароталӣ, аз киса сигарета бароварда. - Ба ин ҷо тахмин ду соат қабл расидам. Дар идора баъзе корамро дида, гуфтам, аз ту як хабар гирам. Мабодо зиқ шуда бошӣ...

  • То даме Нурмуҳаммад ҳаст, вақти зиқ шудан надорам, - гуфтам ман бо лабханд. - Худат чӣ хел? Ба назарам шоду бод менамой. Сафарат бобарор буд, охир?

  • Бад не, - низ бо табассум гуфт Бароталӣ. -

пешина
аз 87
навбатӣ