Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Ва ҳар ҳол, ду рӯзе ки дар Тошканд гузарондам, фоида оварданд. Муҳиммаш — ҳам зиёрат, ҳам тиҷорат гуфтагӣ барин дар баъзе мақомоти бакарруфар ду-се масъалаи вобаста ба ноҳияро ҳал карда омадам.
— Аслан як дарди сар буданд он масъалаҳо, — гӯё аз китфони паҳнаш бори гаронеро афканда бошад, равшанӣ андохт Темур Шавкат.
«Ана барои чӣ ин қадар хушҳоланд», — аз дил гузарондам ман, ба рӯҳияи ҳоким ва муовинаш шарик шуда.
Пас суҳбати мо маҷрои дигар гирифт. Ғолибан аз гузаштаи дуру наздики Сурхонзамин буд. Гоҳ Бароталӣ, гоҳ Темур-ака баъзе шахсони маъруфро, ки дар замони ҳокимияти шӯроҳо барои ободии ин диёр хизматҳои арзанда карда, яке агар ҳоло дар қайди ҳаёт набошад, дигаре ҳанӯз даври пирӣ меронад, бо эҳтиром ба ёд меоварданд. Аз рӯзгори онҳо ҷолибтарин лаҳзаҳоро ба тарозуи андеша гузошта, ба ақлу заковат ва имону иродаашон тан медоданд. Мегуфтанд, ки ба шарофати ҳамин гуна инсонҳои асил, ҳамин гуна зотҳои шариф обод аст имрӯз Сурхонзамин.
Ҳарчанд чунин суҳбат мароқовар буд, ман мехостам Бароталӣ Олимов бештар дар бораи худаш гап занад. Вале дар бадали солҳо ба хулоса омадаам, ки ӯро ба ин кор розӣ кунондан душвор. Одамон хубтар медонанд кӣ будани маро, мегӯяд бо табассуми бисёр нарм. Рафту аз дастовардҳо дар фаъолияташ низ чизе пурсед, гӯё нашунида бошад, тамоман аз дигар боб сухан маронад. Чӣ илоҷ, ҳамин хел одам аст ӯ. Бад мебинад худситоиро. Ҳатто ба дараҷае ки... розӣ набуд ман аз дидаву шунидаам дар ҳаққаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё