Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
ки дар мақоми вакили Маҷлиси Олӣ ва ходими давлатии низ дар ҷумҳурият эътироф гардидааст, давраи дуюм вобаста аз кори комсомол буд. Сифатҳои хуби инсонӣ, аз ҷумла забондонӣ ва ҷаҳонбинии фарохи Бароталиро ба назар гирифта, тахмин пас аз як соли фаъолият дар раёсати кишоварзии Шеробод, ӯро котиби аввали кумитаи комсомоли ноҳияи Бойсун, баъд аз муддате дар собиқ ноҳияи Гагарин боз ба ҳамин вазифа интихоб намуданд.
Дар ҳар идора, дар ҳар шаҳру ноҳия, инчунин дар мақомоти олӣ, роҳбар агар бавиҷдон бошад, аз таҳти дил мехоҳад, ки дар паҳлуяш нафарони чашмикордон ва баистеъдод ифои вазифа кунанд. Ҳарчанд шахси бақувват дар муассиса ё ташкилоте ба фаъолият оғоз намуда, вақте акнун ба таку тирези он соҳа сарфаҳм меравад, вақте акнун тобеонашро дуруст шинохта, иҷрои вазифаҳояшро солим ба роҳ мемонад, — ҳамин вақт агар он шахсро ба кори дигар гузаронанд, ба низоми муассиса ё ташкилоте ки вай то ҳол роҳбараш буд, албатта, халал мерасад.
Лекин чӣ илоҷ, — одамони ҷонфидо дар ҳама ҷо, дар ҳама мақомоти давлат заруранд. Ман роҳбарони сустро, ки зотан аз инсони доно ҳарос доранд, намегӯям... аммо сарварони дурбину дурандеш, ки худашон ҳам табиатан баистеъдод ва инсонпарваранд, маҳз афроди баақлу ҳуш ва ҳалолкорро дастгирӣ мекунанд. Ба хотири дар тазод ва кашокаши ҳаёт обутоб ёфта, қадам ба қадам таҷриба андӯхтан онҳоро ҳанӯз дар ҷавонӣ зина ба зина аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаронда, барои чун инсони шарафманд ба камол расидани эшон замина фароҳам меоранд.
Он солҳо дар Сурхонзамин роҳбари ба раият

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё