Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Шояд бисёр фикр кардед, ё хаста шудед...

— Мумкин. Ба ҳар ҳол, дина боз як қадар дилтангам, ҳатто гарангам. Хаёлам, ки зудтар барнагардам, дигар оромӣ намеёбам.

— Аҷаб... Ду-се рӯз истед, ид гузарад. Баъд, ана, рафтан зарур бошад, меравед.

— Чаро зарур набошад? Умуман пир шуд сафарам...

— Акаи Бароталӣ мехост шумо нағзакак дам гиред.

— Кас аз ин беҳтар боз чӣ хел дам мегирад?

— Дар ҳар сурат барои мо муҳиммаш — хурсандии дӯстони беғараз.

— Ман аз ҳамаи шумо миннатдорам. Беҳад...

— Яъне дар ин муддат зиқ нашудед?

— Баръакс, гӯё аз сари китфам як кӯҳпораи ғамро дур андохтам.

— Албатта, ҷои дигар, обу ҳавои дигар, ёрӯ рафиқони дигар... Заҳри одамро одам мебардорад, гуфтаанд. Боз овардаанд, ки сафар кардан — ҷаҳон дидан. Иншооллоҳ, минбаъд табъатон тамоман кушода мешавад.

— Кошкӣ...

— Ман аз вазъи равонии шумо каму беш огоҳам. Мӯл парво накунед, чунки аз ноумедиҳо басо умед ҳаст. Чи нек, чи бад... ҳамаашро ба ихтиёри вақт супоред. Сара кадому сақат чист, вай худаш одилона муайян месозад. Қудрати бузург дорад гузашти айём.

— Гапатон дуруст. Аммо чӣ илоҷ, ки ҷони одамизод аз санг не...

Он чоштгаҳ дар саҳни меҳмонхонаи воқеъ дар миёни боғи бузурги сарсабз ҳамин тавр гуфтутӯ доштем ман ва инсони дилёбу дилпок Темур Шавкат.

пешина
аз 87
навбатӣ