Зеҳн
Афсонаҳои халқӣ

яке аз жанрҳои насрии эҷодиёти шифоҳии халқ, ки асоси онро воқеъаю саргузаштҳои бофтаю хаёлӣ ташкил медиҳад; қисса, достон; ҳикоят, нақл, саргузашт

Китобдор · 3 октябри 2024 · 5 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Муаммоҳалкунии Афандй

Афсонаи халқи тоҷик

Буд набуд, дар шаҳри Бағдод як Афандӣ буд. Афандӣ дар шаҳри Бағдод қозигӣ мекард. Як рӯз ба назди Афанди ду нафар омада гуфтанд:

- Мо Салиму Ҳалимем, ҳарду ба Макка сафар кардем. Аз он ҷо якхалтагӣ хурмо гирифта ба Бағдод баргаштем. Дар роҳ як рӯз аз хурмои яке мехӯрдему рӯзи дигар аз хурмои дигаре. Вақте ки ба манзил расидем, маълум шуд, ки якдигарро фиреб мекардаем.

- Чӣ хел якдигарро фиреб мекардаед? - ришашро молида маккорона пурсид Афандӣ.

Салим гуфт:

- Ҳар гоҳ навбати хӯрдани хурмои ман мешуд, ман аз халтаи Ҳалим хурмо мегирифтам. Вай ин кори маро дар торикӣ намедид,

- Ту чӣ фиреб мекардӣ? - пурсид Афандӣ аз Ҳалим. Ҳалим гуфт:

- Ҳар гоҳ навбати хӯрдани хурмои ман мешуд, ман аз халтаи Салим хурмо мегирифтам. Вай ин кори маро дар торикӣ намедид.

Баъд ҳарду гуфтанд:

- Барои он ки виҷдони мо пок монаду дар охират гунаҳкор нашавем, чӣ кор кунем? Муаммои моро ҳал кунед, ҷаноби Афанди, - гуфтанд Салиму Ҳалим.

Афандӣ пурсид:

- Оё халтаҳо баробар хурмо доштанд?

- Баробар хурмо доштанд, ҷавоб доданд Салиму Ҳалим. Он гоҳ Афандӣ гуфт:

- Салим халтаи хурмои худро ба Ҳалим диҳад.

Салим чунин кард.

Афандӣ боз гуфт:

- Ҳалим халтаи хурмои худро ба Салим диҳад.

Салим низ чунин кард. Сонӣ Афандӣ пурсид:

- Акнун дидед, ки ҳар кас чӣ қадар аз дигаре дуздида буд, ҳамон қадар худаш зарар дид?

- Дидем, - гуфтанд Салиму Ҳалим.

- Акнун розӣ шудед? - розӣ шудем боз баробар ҷавоб доданд Салиму Ҳалим.

Дар охир Афандӣ гуфт:

- Акнун шумо бояд қозиётро розӣ кунед, зеро чунин муаммои мушкилро ягон каси дигар ҳал карда наметавонист. Хош ки бошад, шумо халтаҳои дар дастатон бударо ҳамчун ҳаққи қозиёт ба қозиёт супуред.

- Чаро? - гуфт Салим. - Ман бе хурмо монам?

- Фаркаш чӣ! - хитоб кард Афандӣ. – Хурмои дар дастат будагӣ аз они худат нест-ку!

Ин ҷавобро шунида Ҳалим чизе нагуфта халтаи хурмои дар дасташ бударо ба Афандӣ супурд. «Чӣ лозим гап гардондан!? - гуфт вай ба худ. - Бо Афандӣ шӯхӣ карда намешавад. Ягон гапи дигар зада моро қарздор карданаш ҳам мумкин...» Ҳамин тавр Афандӣ муаммои Салиму Ҳалимро ҳал кард.

пешина
аз 5
навбатӣ