Афсонаҳои халқӣ

яке аз жанрҳои насрии эҷодиёти шифоҳии халқ, ки асоси онро воқеъаю саргузаштҳои бофтаю хаёлӣ ташкил медиҳад; қисса, достон; ҳикоят, нақл, саргузашт
Китобдор · 3 октябри 2024 · 5 саҳифа
Афсонаи халқи тоҷик
Як марди деҳқон будааст, ду писару Майрамбӣ ном як духтари нозанин доштааст. Ҳамсояи вай сарватманд будааст. Ин мард зан гирифтанӣ шуда, ба надимонаш гуфтааст:
- Равед, барои ман зане пайдо кунед, ки монанди Майрамбӣ нозанин бошад!
Надимонаш кафши чӯбин пӯшидаанду асои оҳанин гирифта, дар ҷустуҷӯи чунин духтар баромада рафтаанд. Кофта-кофта дар ҳеҷ ҷо монанди Майрамбӣ духтари нозанинро наёфтаанд. Сарватманд гуфтааст:
- Пеши падари Майрамбӣ равед, хостгорӣ кунед, молу пули бисёр медиҳам, духтарашро ба ман диҳад.
Надимон пеши падари Майрамбӣ омада хостгорӣ кардаанд. Падари Майрамбӣ бо зану писари калониаш маслиҳат карда, ризогӣ додааст. Баъд аз ин ба тўй тайёрӣ дидан гирифтаанд. Гӯсфанд овардаанд, гандум орд кардаанд, ҷувоз кашидаанд, биринҷ овардаанд. Падари Майрамбӣ як линга биринҷро дар офтобрӯ паҳн карда, Майрамбиро ҷег зада гуфтааст:
- Духтарам, биринҷро тоза кун.
Майрамбӣ хуб гуфта, биринҷ тоза карда, тўппӣ дӯхта нишаста аст, ки аккае омада, шақ-шақ кардааст.
- Киш-е! Чӣ шақ-шақ мекунӣ! - гуфт Майрамбӣ.
- Мон биринҷ хӯрам, як хабари хуш мегӯям, - гуфт акка.
- Хайр, хур, - гуфт Майрамбӣ ва акка биринҷ хӯрда-хӯрда сер шудаасту гуфтааст:
- Ҳамин биринҷи тӯй аст, туро ба ҳамсояатон медиҳанд.
Майрамбӣ ғамгин шуда, "Киш-е!" - гуфт. Акка парида рафтааст. "Эй Худо, - гуфт Майрамбӣ, - наход ки падару модару акаам маро ба ҳамин марди пир диҳанд?" Баъд сӯзанашро аз сараки дарзаш гирифта, ба замин зада, гиря кардааст. Сӯзан чанор шудааст, чанори баланд шуда, ба осмон расидааст. Майрамбӣ ба танаи чанор часпида гуфт
Чӯбаки сандалвор-вор,
Як сандал бизан, Болотарам бибурор!
Болотарам бибурор!
Ҳамин хел гуфтааст, ки чинор ӯро боло бурдааст. Ин вақт модараш хабардор шуда, тарсону шитобон омада гуфтааст:
- Эй духтарам, баргард, касе чӣ гапе гуфта бошад, номаъқул кардааст, фуро!
Майрамбӣ дар ҷавоб гирякунон гуфтааст:
Чӯбаки сандалвор-вор,
Як сандал бизан, Болотарам бибурор!
Болотарам бибурор! Аввал ту модарам будӣ,
Ҳоло му душманам шудӣ.
Модараш рафта, ба падараш гуфтааст. Падараш тарсону шитобон омада зорӣ кардааст. Майрамбӣ гӯш надодааст. Баъд акааш омада зорӣ кардааст, ба вай ҳам гўш надодааст. Баъд додаракашро оварданд. Вай зор-зор гиря кардааст. Дили Майрамбӣ ба додаракаш сӯхтаасту гуфтааст:
- Чӯбаки сандалвор-вор,
Як сандал бизан, Поёнтарам бифурор! Поёнтарам бифурор!
Чанор поёнтар фуромадаасту вай як кокулашро поён партофта додаракашро гирифтааст. Чанор онҳоро боло бароварда, ба як мамлакати дигар бурдааст. Дар он ҷо Марямбӣ ба пеши як деҳқон рафта гуфтааст:
Эй бобо, додарам гурусна мондааст, нон мегӯяд, нон доред? - Дорам, - гуфтааст мӯйсафед ва ба онҳо нону об додааст. Баъд Майрамбӣ аз мӯйсафед пурсидааст:
- Бобо, мо мусофирем, ба мо роҳ нишон диҳед, ки равем. - Эй фарзанд, ба ҳамин тараф рафтан гиред, гуфта мӯйсафед ба сӯи офтоббаро роҳ нишон додааст, як кӯл мебарояд, аз он об нанӯшед, ки ғук мешавед. Он тарафтар раветон, як ҷӯй мебарояд, аз он ҳам об нанӯшед, ки оҳубарра мешавед. Баъд дарё аз пеш мебарояд, аз он нӯшетон мешавад.
Майрамбӣ ба мӯйсафеди ғамхор раҳмат гуфта, додаракашро ба пушташ бардоштаасту рафтааст. Рафта-рафта ба лаби як кӯҳ расидааст. Додараш аз он кӯл об нанӯшидаст. Боз як ҷӯй баромадааст. Майрамбӣ додаракашро ба лаби об монда, дасту рӯяшро шустааст. Додараш напурсида, об хӯрда оҳубарра шуда, маъас кардааст. Майрамбӣ ғамгин шуда: "Оҳ, рӯям сиёҳ, аз ҳамин об хӯрдӣ? Акнун чӣ кор мекунам? " - гуфтааст.
Майрамбӣ ҳайрону гирён шуда бо додараки оҳубарааш рафта ба лаби дарё расидаанд. Майрамбӣ дар лаби дарё нишаста, "Ох, мо аз ин дарё чӣ хел мегузарем?" - гуфта гиря кардааст. Ҳамин вақт як нахчир (бузи кӯҳӣ, архар) пайдо шуда, гуфтааст: - Биёед, ба гардани ман савор шавед, ман мегузаронам. Майрамбӣ бо додаракаш ба гардани нахчир савор шуда, аз дарё гузашта, ба як марғзор расидааст. Дар ҳамон ҷо Майрамби аз навдаҳои дарахт хаймае соз карда, хоб кардааст.
Ҳамон рӯз подшоҳи мамлакат дар ин марғзор шикор карда гашта будааст. Як вақт бози шикории подшоҳ кабкеро пеш карда ба хаймаи Майрамбӣ даромадааст. Аз ақиби он як навкари подшоҳ омада дидааст, ки як духтари соҳибҷамол нишастагию дар наздаш оҳубаррае истодааст. Навкари подшоҳ дар ҳайрат монда, бисёр нигоҳ карда гуфтааст:
- Эй духтар, инсӣ, ҷинсӣ, парий, паризодӣ?
- Ох, тағой, - гуфтааст Майрамбӣ, не инсам, не ҷинсам, не париям не паризод, бандаи хокӣ ҳастам.
Бандаи хокӣ, ки бошӣ, гуфтааст навкар, ҳамин кабкакони маро пухта намедиҳӣ, ки ба подшоҳ барам.
- Хуб, - гуфтааст Майрамбӣ ва кабкҳоро гирифта пухтааст. Навкар кабкҳоро ба подшоҳ бурдааст. Подшоҳ тааҷҷуб карда, пурсидааст:
- Ин кабкҳоро ба куҷо бурда пухтӣ, аловро аз куҷо ёфтӣ?
- Як духтари соҳибҷамол пӯхта дод. Духтарак мусофир будааст, ба куҷо рафтанашро намедонад, - гуфтааст навкар.
Подшоҳ ба навкар асп дода гуфтааст, ки ӯро гирифта биёр. Навкар Майрамбию додаракашро ба назди подшоҳ овардааст. Подшоҳ Майрамбиро дидан замон хуш карда, никоҳ карда гирифтааст. Майрамбӣ зани дӯстдоштаи подшоҳ шудааст. Подшох ду зани дигар низ доштааст. Онҳо рашк кардаанд. Чанд вақт гузаштаасту Майрамбӣ умедвор шудааст. Қариби таваллудкуниаш подшоҳ ба шикор сафар карда, ба занҳои калониаш фармудааст, ки кӯдакро нағз нигоҳубин кунанд. Аммо занҳо калон боз ҳам зиёдтар рашк карда, ба қасди нобудкунии ӯ афтодаанд.
Дар чорбоғи подшоҳ наҳре, дар лаби наҳр як чанори баланд будааст. Онхо ба шохи чинор арғунчак бастаанду Майрамбиро бо зӯрӣ бурда ба арғунчак савор кардаанд. Баъд бод додаанду бандро буридаанд. Арғунчак канд шудаасту Майрамбӣ ба наҳр афтодааст. Нӯги кокулаш ба як шох банд шуда, канда шудааст... Додараки Майрамби чун абри навбаҳор зор-зор гиря кардааст. Вакти бозгашти подшоҳ расидааст. Занҳояш нони бисёре пӯхта, дар офтоб қоқ карда, дар таҳи кӯрпача паҳн кардаанд. Зани калонӣ ба рӯи кӯрпача хоб кардааст. Подшоҳ омада дидааст, ки зани хурдӣ ба пешвози ӯ набаромад, пурсидааст:
- Зани хурдии мо куҷо шуд, ки ба назди мо набаромад?
- Эй монеде, - гуфтааст зани миёнааш, - Худо бигирад ҳамон зани аҷинаворатонро, вай чӣ махлуқе буд, дев буд, парӣ буд, ки аз қафои шумо нобуд шуда рафт. Беҳтараш рафта зани калониатонро бинед, ки ба мурдан наздик аст.
Подшоҳ ба пеши зани калониаш даромадааст, ки сахт касал асту паҳлӯ гардад қабурғаҳояш шарақ-шарақ мекунанд. Подшоҳ ҳайрон шуда гуфтааст:
- Табиб биёред, ки даво кунад, фармудааст подшоҳ.
- Табиб даркор не, - гуфтааст зан, - фармоед ҳамон оҳубарраро кушанд, гӯшташ маро сиҳат мекунад.
Подшоҳ ба ду ҷаллод фармудааст, ки оҳубараро кушанд. Ҷаллодон дастаку пояки оҳубарраро баста, хоб кунонида, гарданашро буриданӣ шудаанд, ки оҳубарра гуфтан даромадааст:
- Маро накушед, ман ташна мондаам, равам, як култ об хӯрда биёям, баъд маро кушед!
Ҷаллодон оҳубараро раҳо карданд, вай ба лабаки наҳр рафтаасту гуфтааст:
- Апа, апа, маро мекушанд.
Апааш аз даруни об овози ӯро шунида гуфтааст:
- Ҳар кас ки туро кушад, дами кордаш пушти корд, пушти кордаш латтавор.
Баъд оҳубарра ба назди ҷаллодон омадааст. Ҷаллодон дасту пояшро бастаанд, ба гулӯяш корд мондаанд, корд нагузаштааст. Онҳо ин ҳодисаро дида, зуд ба пеши подшоҳ рафта гуфтаанд: - Эй подшоҳи олам, аҷаб сирре, инро кушта намешавад, аз қафояш ба лаби наҳр рафтем, аз даруни наҳр овозе мебарояд. Подшох инро шунида, ба надимонаш фармон додааст:
- Ба зудӣ дарёдаркашро оваред, наҳрро хушк кунед! Дарёдаркаш омада оби наҳрро дам кашида, қоқ кардааст. Дидаанд, ки дар таги наҳр як ҳуҷраи ғалатӣ, дар ҳуҷра ду гаҳвораи сабз. Майрамбӣ дар байни гаҳвораҳо нишаста, тўппӣ медўзад. Дар гаҳвораҳо ду кӯдак хоб кардаанд. Оҳубарра хоҳаракашро дидаасту шодӣ карда, асли қадим шудааст. Рафта даст ба гардани ӯ андохта, аз хурсандӣ гиря кардааст.
Подшоҳ ҳайрон шуда воқеаро пурсидааст, Майрамбӣ ҳамаро гуфта додааст. Подшоҳ амр кардааст, ки ду зани калониро ба думи байталҳо банданд, аз қафояш айғирҳо сар диҳанд, то пора-пора кунанд.
Майрамбию додаракаш обрӯманд гаштаанд. Подшоҳ бошад, бисёр хурсанд шудааст, ки то ин вақт фарзанд надоштаасту ба пою қадами ин зани нек фарзанддор шуд. Вай тӯи калон барпо кардааст, ҳамаи халқро зиёфат додааст. Шумо ин ҷо будед, мо он ҷо будем, қанду мавиз хӯрдем, оши палав хӯрдем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё