Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Худо гирад ин ҳуши парешони маро! Фаромӯш кардаам. Аз рафтуомади гуна-гуна меҳмон... Шумо намедонед утуи холаатонро куҷо мондам? — ба ҳар ду писаракаш менигарад соҳиби хона. Ва ҷавобе нашунида, беихтиёр тасмаи хилъаташро мекушояд — гӯё фишор меовард ба миёнаш, — аз сари нав мебандад. — Биё, апаи Шаҳзода, ҳоло як дам шинем, баъд ёфта медиҳам... Худат медонӣ, ки утуи наппа-нав дорам. Олмонӣ... Лекин, сабил монад, мабодо ягон ҷояшро сӯзонам гуфта, аз кор фармудан метарсам.

Шаҳзода, аз ифодаи чеҳраи гармаш маълум, ин гуна ҳарфҳои беҷоро аз даҳони ӯ бисёр шунидааст магар, дупӯста карда, гапро ба дигар тараф мебарад:

— Боз меҳмон омад? — ва борониашро чаққон аз тан кашида, болоиҳам ба сумкааш дар кашак меовезад. — Гуфтам, ҳарчанд дандон сафед мекунӣ, хотират ҷамъ нест... Хайр, ман розӣ, камтар мелақем. Чунки то аз кор омадани акаат ним соат барин вақт меёбам. Зиёд не... Ту, албатта, меҳмон доштӣ. Вагарна табъат хира намебуд.

— Меҳмон, а! — ба оҳанги нафрат даст меафшонад Ситора. — Хешу табори Икром — амакбачааш, ду тағояш. Се рӯз боз безор кардаанд — мераванду меоянд, мераванду меоянд... Кошкӣ одам мебуданд он гадотабъон!

— Гиребонатро дошта, баэҳтиёт гап зан, Ситора, — мегӯяд Шаҳзода, ба яке аз курсиҳои мулоими гирди миз нишаста. — Одатан номи зан дар ҳаққи пайвандони шавҳараш ин хел суханҳои пасту баландро раво намебинад.

— Безорам... Ҳам аз худаш, ҳам аз хешу табо-

пешина
аз 93
навбатӣ